700 млн дар зарфи 30 сол. Президент дар бораи дастоварду камбудиҳо дар Лахш

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи имрӯз ба ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) ташриф овард, бо фаъолони ноҳияи мазкур мулоқот карда, дар бораи дастоварду камбудиҳо изҳори назар кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии доимии ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳияи Лахш ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот гардидааст.

Зикр шуд, ки дар ин давра, инчунин, аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия беш аз 320 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 21 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 700 млн сомонӣ амалӣ гардида, имрӯзҳо татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар идома дорад.

Сарвари давлат изҳор намуд, ки тибқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021-2025 амалисозии 224 лоиҳа ба маблағи умумии 221 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

“Дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки имкониятҳои ноҳия дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, косибӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, таъмин намудани фаъолияти муназзами коргоҳу корхонаҳои заршӯии хусусӣ ҳанӯз пурра истифода нашудаанд”, – гуфт ӯ зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони ноҳия.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони асили ноҳия соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 333 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки афзоиши он назар ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ беш аз 3 баробарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи президент, дар зарфи 20 соли охир ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳияи Лахш қариб 50 баробар ва бахши тандурустӣ – 79 баробар зиёд карда шуд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...