Абдулмаҷид Достиев: Номи “Искандаркӯл” ба “Раҳмонкӯл” иваз карда шавад

Собиқ муовини раиси парлумон, сафири Тоҷикистон дар Русия ва сиёсатмадори кӯҳнакор дар тими раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев пешниҳод намудааст, ки номи “Искандаркӯл” ба "Кӯли Раҳмон" ё "Раҳмонкӯл" иваз карда шавад. Ӯ ин пешниҳодро дар як номаи сипосаш ба президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар нашрияи “СССР” чоп шудааст, зикр кардааст. Достиев, ки номаашро хоксорона ҳамчун “Абдулмаҷид Достиев, нафақахӯр” […]

Собиқ муовини раиси парлумон, сафири Тоҷикистон дар Русия ва сиёсатмадори кӯҳнакор дар тими раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев пешниҳод намудааст, ки номи “Искандаркӯл” ба "Кӯли Раҳмон" ё "Раҳмонкӯл" иваз карда шавад. Ӯ ин пешниҳодро дар як номаи сипосаш ба президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар нашрияи “СССР” чоп шудааст, зикр кардааст.

Достиев, ки номаашро хоксорона ҳамчун “Абдулмаҷид Достиев, нафақахӯр” имзо кардааст, ба таърихи юриши Искандари Мақдунӣ ба Осиёи Миёна, хиёнати Ороба, ки сари Спитаменро аз тан ҷудо карда, ба Искандар ҳадя овард ва духтараш Рухшонаро ҳам ба ин лашкаркаши истилогар бахшид, пардохтааст.

Ӯ онҳоеро, ки солҳои 90 -ум Тоҷикистонро ба домани ҷанг кашонданд, ба ҳамон Оробаҳои замони Искандар монанд карда, аз он изҳори ҳайрат кардааст, ки “Овоздорони” замон, ҳомиёни дин Александри хуни форсҳо рехтаро Ҳазрати Искандар номида, оробаҳои ватанфурӯш, аз тарси ҷон, аниқтараш, аз тарси бе мансаб мондан, кӯлро ба номи ҳамон хунхӯр – Искандаркӯл ном мегузоранд. Чӣ кори ғалатие, ҷои хуни рехтаи гургро ба номи гурги хунхӯр мондан? Ин кӯлро бояд тағйири ном кард!”

"Пас аз рӯи инсоф мебуд, агар бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кӯли мазкур номи «Кӯли Раҳмон» монем",- гуфтааст Достиев.

Ба ақидаи собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия, бо табдили номи Искандаркӯл, “аввал ин ки, дар тӯли таърихи тоҷикон касе аз шоҳу амиру дигар роҳбарон, чун Пешвои миллат ҳастии худро барои аз нестшавӣ ҳифз сохтану пойдории давлати миллӣ набахшидааст ва арзандатарин аст. Дуввум, харитаи Ватани азизамон аз номи боз як аҷнабии ғосибу бадгуҳар – Искандари Мақдунӣ пок мегардад”.

"Дар интиҳо, ҳоло ки ба ғайр аз намояндаи миллати давлатсоз будан дигар ваколат надорам, хоҳиш мекунам, таклифамро қабул намоеду рӯйи харитаи кишвар, ҷойи Искандаркӯл, номи фарзанди асили миллат “Кӯли Раҳмон” ё “Раҳмонкӯл” сабт гардад", – навиштааст Достиев дар анҷоми номааш. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...