Абдулмаҷид Достиев: Номи “Искандаркӯл” ба “Раҳмонкӯл” иваз карда шавад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Собиқ муовини раиси парлумон, сафири Тоҷикистон дар Русия ва сиёсатмадори кӯҳнакор дар тими раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев пешниҳод намудааст, ки номи “Искандаркӯл” ба "Кӯли Раҳмон" ё "Раҳмонкӯл" иваз карда шавад. Ӯ ин пешниҳодро дар як номаи сипосаш ба президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар нашрияи “СССР” чоп шудааст, зикр кардааст.

Достиев, ки номаашро хоксорона ҳамчун “Абдулмаҷид Достиев, нафақахӯр” имзо кардааст, ба таърихи юриши Искандари Мақдунӣ ба Осиёи Миёна, хиёнати Ороба, ки сари Спитаменро аз тан ҷудо карда, ба Искандар ҳадя овард ва духтараш Рухшонаро ҳам ба ин лашкаркаши истилогар бахшид, пардохтааст.

Ӯ онҳоеро, ки солҳои 90 -ум Тоҷикистонро ба домани ҷанг кашонданд, ба ҳамон Оробаҳои замони Искандар монанд карда, аз он изҳори ҳайрат кардааст, ки “Овоздорони” замон, ҳомиёни дин Александри хуни форсҳо рехтаро Ҳазрати Искандар номида, оробаҳои ватанфурӯш, аз тарси ҷон, аниқтараш, аз тарси бе мансаб мондан, кӯлро ба номи ҳамон хунхӯр – Искандаркӯл ном мегузоранд. Чӣ кори ғалатие, ҷои хуни рехтаи гургро ба номи гурги хунхӯр мондан? Ин кӯлро бояд тағйири ном кард!”

"Пас аз рӯи инсоф мебуд, агар бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кӯли мазкур номи «Кӯли Раҳмон» монем",- гуфтааст Достиев.

Ба ақидаи собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия, бо табдили номи Искандаркӯл, “аввал ин ки, дар тӯли таърихи тоҷикон касе аз шоҳу амиру дигар роҳбарон, чун Пешвои миллат ҳастии худро барои аз нестшавӣ ҳифз сохтану пойдории давлати миллӣ набахшидааст ва арзандатарин аст. Дуввум, харитаи Ватани азизамон аз номи боз як аҷнабии ғосибу бадгуҳар – Искандари Мақдунӣ пок мегардад”.

"Дар интиҳо, ҳоло ки ба ғайр аз намояндаи миллати давлатсоз будан дигар ваколат надорам, хоҳиш мекунам, таклифамро қабул намоеду рӯйи харитаи кишвар, ҷойи Искандаркӯл, номи фарзанди асили миллат “Кӯли Раҳмон” ё “Раҳмонкӯл” сабт гардад", – навиштааст Достиев дар анҷоми номааш. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...