“Айби худаш!” Вобаста ба ҳодисаи зери чархи трактор мондани хонанда парванда боз нашудааст

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ҳодисаи зери чархи трактор мондани хонандаи мактаб дар ноҳияи Зафаробод зимни пахтачинӣ гуфт, дар таркиби ҳодиса аломатҳои ҷиноят дида намешавад ва вобаста ба ин ҳодиса парванда боз нашудааст.

Аз маркази матбуоти ВКД  ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба “Азия плюс” гуфтанд, ки ҳодиса бо айби худи духтар сурат гирифтааст ва ӯ зимни давида савор шудан ба ядаки (прицеп) трактор  афтида ҷон додааст.

“Ҳамчун ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҳодиса таркиби ҷиноят нест ва барои ҳамин парвандаи ҷиноятӣ боз намешавад”, – шарҳ доданд аз ВКД.

Модар: “Омӯзгорон ва соҳибони замин ҷазо бинанд”

Дар ҳамин ҳол модари Меҳронаи Фурӯзон, Гулсара Назирова даъво дорад, ки ҳодиса бо айби омӯзгорон ва соҳибони замин сар задааст ва бигзор нисбати гунаҳкорон чораи қонунӣ андешида шавад.

“Бо гузашти беш аз як ҳафтаи ҳодиса касе аз мақомоти корҳои дохилӣ ё прокуратура ба санҷиши қазия наомадаанд. Рӯзи 20-уми сентябр ба мақомоти прокуратураи ноҳияи Зафаробод рафта ариза навиштам. Дар ариза нисбати омӯзгорон, соҳибони замин хостам чораи қонунӣ андешида шавад ва ҷазо гиранд. Ман ин духтарамро 15 сол бо чи азобу машаққат, бепадар калон кардам. Азобҳоямро ҳама медонад. Ҳоло ягон кас ҳодисаро аз мо омада напурсид, ки чӣ шуду чӣ монд”, – шикоят кард Назирова.

Гулсара мегӯяд, талош мекунад омилони аслии ҳодиса ҷазои сазоворро гиранд.

“Ман то охир меравам, ба Прокуратураи вилояти Суғд ҳам ариза менависам, то ҳодиса таҳқиқу гунаҳкорон ҷазо бинанд”, – мегӯяд модари Меҳрона.

Ёдовар мешавем, ки бегоҳии 14-уми сентябр Меҳронаи Фурузон, хонандаи синфи 9-и мактаби рақами 2-и ноҳияи Зафаробод дар майдони пахтаи Хоҷагии ёрирасони мақомоти милитсия дар ин ноҳия зери чархи трактор монда ҷон бохт.

Шоҳидон чӣ гуфтанд?

Гулсара Назирова баъди дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз қавли ҳамсинфони духтараш гуфта буд, ки ронанда бехабар аз хонандагон, ки назди ядак (притсеп) дар торикӣ интизори бозгашт ба хона буданд, тракторро идора кардааст.

“Шоҳидони ҳодиса ду ҳамсинфаш ҳастанд. Яке аз онҳо гуфт ронанда тракторро тез аз ҷой ба ҳаракат даровард ва ядаки он ба китфи Меҳрона расида ӯро ба замин афтонд. Дар торикӣ ронанда надидаст ва трактор аз болои духтарам гузашта рафтаст. Муаллима он вақт дар назди ин хонандаҳо набудаст, ҳарчанд ӯ бояд хонандагонро сарҷамъ мекард”, – гуфта буд Гулсара Назирова.

Ба қавли ӯ, “омӯзгорони мактаб шабона хонандагонро ҷамъ карда гуфтаанд, ки касе шуморо пурсад гӯед, ки мо назди Меҳрона набудем ва ӯро надидаем”.

Он замон мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд гуфта буданд, ки аз ин ҳодиса хабар надоранд ва чунин ҳодиса дар мақомоти онҳо сабт нашудааст.

Мудири маорифи ноҳияи Зафаробод Дилафрӯз Ниёзқулова  дар аз шарҳи ҳодиса худдорӣ карда кӯтоҳ гуфта буд, ки “ин хонандагон бо хоҳиши худашон баъди дарс ба хоҷагӣ барои ёрдам пахтачинӣ рафтанд”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...