Дар Тоҷикистон 40%-и аҳолии калонсол ваксина гирифтанд

Ба ҳолати то 20 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда ҳудуди 40%-и аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ (аз 18-сола) аз ваксинаи зидди COVID-19 эм гирифтанд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, то ин замон 2 млн 307 ҳазору 140 нафар ё худ 39,6% нафар шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси фаро гирифта шуданд. […]

Ба ҳолати то 20 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда ҳудуди 40%-и аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ (аз 18-сола) аз ваксинаи зидди COVID-19 эм гирифтанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, то ин замон 2 млн 307 ҳазору 140 нафар ё худ 39,6% нафар шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси фаро гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида  1 млн 565 ҳазору  281 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ҳамзамон зикр мегардад, ки маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе 99,6% иҷро гардидааст.

Маъраки эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаи зидди бемории коронавирус дар Душанбе 25 июн оғоз гардид.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявиии муқовимат бо паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинагирии зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

Нафароне, ки ваксина нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо),  Moderna ва Pfaizer (ИМА).

Рӯзи 20 сентябр ИМА барои муқовимат бо COVID-19 ба Тоҷикистон нахустин фиристодаи тақрибан 115 ҳазор вояи ваксинаи Pfizer-ро тақдим кард. Ваксинаи боқимонда дар охири ин ҳафта ба кишвар ворид шуда, шумораи умумии онҳо ба 325 ҳазору 260 воя мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.