Нахустин ниммарафони ҷумҳуриявӣ дар доманакӯҳ ва соҳилҳои 7 кӯл

Дар ноҳияи Панҷакент 19 сентябр аввалин ниммарафони ҷумҳуриявии кушод баргузор шуд. Дар ин чорабинии таблиғи варзиш ва тарзи ҳаёти солим на танҳо варзишгарони тоҷик, балки ҳамтоёни онҳо аз Русия, Афғонистон, Қазоқистону Украина ва Туркманистон ширкат варзиданд. Мусобиқаи давидан дар водии хушманзараи дарёи Шинг қад-қади силсилакӯлҳои кӯлҳои Ҳафткӯл сурат гирифт. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, […]

Анна Мифтахова, махсус барои asia+

Дар ноҳияи Панҷакент 19 сентябр аввалин ниммарафони ҷумҳуриявии кушод баргузор шуд. Дар ин чорабинии таблиғи варзиш ва тарзи ҳаёти солим на танҳо варзишгарони тоҷик, балки ҳамтоёни онҳо аз Русия, Афғонистон, Қазоқистону Украина ва Туркманистон ширкат варзиданд.

Мусобиқаи давидан дар водии хушманзараи дарёи Шинг қад-қади силсилакӯлҳои кӯлҳои Ҳафткӯл сурат гирифт.

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, қаҳрамони олимпии соли 2016 Дилшод Назаров ба мусобиқа ҳусни оғоз бахшид.

Дар ниммарафон занону мардони варзишгари касбӣ ва дӯстдорони варзиш иштирок карданд. Ба ғолибон диплом, медал ва мукофотҳои пулӣ (ҷои 1-ум – 500 доллар, ҷои 2-юм – 300 доллар ва барои ҷойи 3-юм 200 доллар) тақдим карда шуд. Инчунин, барандагони ҷоизаҳо бо ҷомҳои раиси шаҳри Панҷакент сарфароз гардонида шуданд.

Нафарони зерин ғолибият ба даст оварданд:

* Зинаи 1-ум – Самариддин Азимов, Маҳина Баротова;

* Зинаи 2-юм – Меҳрубон Шамсидинов, Ҷонона Мирзоева;

* Зинаи 3-юм – Аъзамҷон Давлатов, Саодат Яҳёева.

Байни дӯстдорони варзиш вақти беҳтаринро Денис Дмитриев аз бошгоҳи TJKRUNCLUB нишон дода, марди 60-сола калонсолтарин иштирокчии ниммарафон буд.

Ин чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Панҷакент дар ҳамдастӣ бо Кумитаи ҷавонон ва варзиш, инчунин Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ созмон дода шуд.

Ташкили ниммарафон як дастгирии бахши сайёҳии Панҷакент маҳсуб меёбад, зеро тӯли 2 соли пандемия тиҷорат дар соҳаи сайёҳӣ рӯ ба таназзул овард. Зимнан, мусобиқа хайриявӣ буда, тамоми саҳмҳои иштирокчиён барои маблағгузорӣ ба таъмири бинои Ташкилоти ҷамъиятии “Ирода” (Маркази дастгирии кӯдакони дорои аутизм) сарф карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.