Президент бо дастовардҳои ноҳияи Рашт аз наздик шинос шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 21 сентябр ҷиҳати шиносоии наздик бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва шароити некӯаҳволии мардум ба ноҳияи Рашт ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ иштирок кард. Бо рақсу суруд пешвоз гирифтанд Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Рашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 21 сентябр ҷиҳати шиносоии наздик бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва шароити некӯаҳволии мардум ба ноҳияи Рашт ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ иштирок кард.

Бо рақсу суруд пешвоз гирифтанд

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Рашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкорона самимона истиқбол гирифтанд.

Ба муносибати ташрифи сарвари давлат консерт ҳам намоиш доданд.

Тиҷорати бародарон Сияровҳо

Дар ноҳияи Рашт бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон нахуст Маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонии минтақавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, сохтмони иншооти мазкур бо саҳми бародарон Сияровҳо аз соли 2018 оғоз гардида, бо харҷи 6 млну 840 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми Маркази «Сияриён» бозори фурӯши меваю сабзавот ва дигар номгуи маводи ғизоӣ бо 160 нуқтаи савдо мавҷуд буда, ошёнаи дуюм барои фурӯши молҳои рӯзгор ва либос пешбинӣ шудааст.

Бинои терминали мусофиркашонӣ низ барои 150 ҷои нишаст бунёд гардида, масоҳати ҷойгиршавии бинои терминал 264 метри мураббаъ аст ва бародарон Сияровҳо онро бо харҷи 1,5 млн сомонӣ сохтааанд.

Ба президент иттилоъ додаанд, ки дар Маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонии минтақавӣ 400 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Боғдории интенсивӣ, намоишгоҳи дастовардҳо, ситод

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” шинос шуданд.

Боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” 5 соли қабл дар масоҳати 6 гектар аз тарафи ҶДММ “Пайванд” бунёд шуда, дар ин ҷо навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбад, ки ба содирот нигаронида шудааст.

Гуфта мешавад, майдони умумии боғи интенсивӣ дар ин мавзеъ ба 34 гектар расонида шуда, беҳтарин навъҳои себу нок, олу ва дигар ниҳоли дарахтони мева парвариш карда мешавад.

Дар намоиши дастовардҳои кишоварзон беҳтарин навъҳои себу нок, сабзавоту полезиҳо, зироати лубиёгӣ, намунаҳои маҳсули кадбонуҳо, аз қабили нону кулчаҳо, ширинию маҳсулоти ширӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар як гушаи дигар намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаву коргоҳҳои ноҳияи Рашт ташкилу ба роҳ монда шуд, ки нишондодҳои истеҳсолии онҳо низ солҳои охир рӯ ба афзоиш аст.

Зикр шуд, ки ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳияи Рашт 12 млн 318 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 349 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Сипас сарвари давлат дар қароргоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бинои нави дуошёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро ифтитоҳ кард.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Пеш аз сафар ба ноҳияи Рашт президент аз ноҳияи Тоҷикобод боздид намуда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот иштирок кард.

Субҳи рӯзи сешанбе Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ноҳияи Лахш қарор дошт. Бо ҷараёни сафари ӯ ба ин ноҳия бо суроғаи зерин шинос шуда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.