700 млн дар зарфи 30 сол. Президент дар бораи дастоварду камбудиҳо дар Лахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи имрӯз ба ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) ташриф овард, бо фаъолони ноҳияи мазкур мулоқот карда, дар бораи дастоварду камбудиҳо изҳори назар кард. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии доимии ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳияи Лахш ва баланд бардоштани сатҳи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи имрӯз ба ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) ташриф овард, бо фаъолони ноҳияи мазкур мулоқот карда, дар бораи дастоварду камбудиҳо изҳори назар кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии доимии ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳияи Лахш ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот гардидааст.

Зикр шуд, ки дар ин давра, инчунин, аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия беш аз 320 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 21 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 700 млн сомонӣ амалӣ гардида, имрӯзҳо татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар идома дорад.

Сарвари давлат изҳор намуд, ки тибқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021-2025 амалисозии 224 лоиҳа ба маблағи умумии 221 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

“Дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки имкониятҳои ноҳия дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, косибӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, таъмин намудани фаъолияти муназзами коргоҳу корхонаҳои заршӯии хусусӣ ҳанӯз пурра истифода нашудаанд”, – гуфт ӯ зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони ноҳия.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони асили ноҳия соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 333 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки афзоиши он назар ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ беш аз 3 баробарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи президент, дар зарфи 20 соли охир ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳияи Лахш қариб 50 баробар ва бахши тандурустӣ – 79 баробар зиёд карда шуд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.