Лукашенко дар Тоҷикистон сафири нав таъин кард

Asia-Plus

Президенти Беларус Александр Лукашенко сафирони нави ин кишварро дар Тоҷикистон, Бразилия ва Ҷумҳурии Корея таъин кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории БЕЛТА.

Аз манфиатҳои Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко ҳимоят хоҳад кард. Ӯ баъди кор ба ҳайси муовини сардори Сарраёсат – сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Сарраёсати Русия, кишварҳои ИДМ ва ҳамгиройии авруосиёии ВКХ сари мансаби сафирӣ меояд.

Сергей Лукашевич сафири Беларус дар Бразилия ва Андрей Чернетский сафири ин кишвар дар Ҷумҳурии Корея таъин шуданд.

Александр Лукашенко бо таваҷҷуҳи хос ба интихоби номзадҳо ба вазифаи дипломатӣ ба вазири корҳои хориҷӣ Владимир Макей изҳор доштааст, ки “шумо мефаҳмед, ки дар таъини сафирон мо хато карда наметавонем”.

Вазири корҳои хориҷӣ итминон додааст, ки ҳама одамони комилан боэътимод ва мутахассисони ҳирфаӣ буда, номзадиашон ҳамаҷониба баррасӣ шудаааст ва дар ин робита дар сатҳҳои гуногун якчанд даври вохӯриҳо баргузор шуда, дар вазифаҳои қаблӣ низ онҳо хуб фаъолият доштанд.

Дар мавриди Тоҷикистон Александр Лукашенко таъкид кардааст, ки ин на танҳо як кишвари дӯст, балки сарвари давлати Беларус бо раҳбари он Эмомалӣ Раҳмон дӯстии наздики шахсӣ дорад.

"Мо аз ҳамдигар қариб ҳеҷ сирре надорем. Инро сафари охирини серӯзаи ман низ нишон дод. Аз ин рӯ, кор кардан дар ин ҷо барои шумо осон хоҳад буд", – гуфтааст ӯ ба Виктор Денисенко.

Аз сӯи дигар, таъкид кардааст президент, барои рушди тиҷорат бо Тоҷикистон имконоти бузург мавҷуд буда, инчунин соҳаҳои мушаххаси дигарро низ метавон дар ҳамкорӣ илова намуд.

"Чизи асосӣ барои ҳар як сафир равобити тиҷоративу иқтисодӣ аст. Мо дар сиёсат бо Тоҷикистон ва инчунин бо дигар кишварҳое, ки шумо меравед, мушкиле надорем", – илова кардааст сарвари давлати Беларус.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...