Рӯзҳои истироҳат дар роҳҳои Тоҷикистон 5 кас ҳалок шуд, аз ҷумла 2 кӯдак

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки дар натиҷа 5 нафар ҳалок шуд.

Дирӯз дар ноҳияи Данғара автомашинаи “Тойота-Кемри”-и Далер Раҳмонови 23-сола ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа мусофири он ҳалок шуд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ронанда ва боз се мусофири дигари он дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Ҳамин рӯз дар роҳи Душанбе – Кӯлоб автомашинаи “Опел Астра” таҳти идораи сокини 71-солаи пойтахт Нуралӣ Ҳикматуллоев бо дигар автмашинаи “Опел”, ки онро сокини 41-солаи Кӯлоб Шарифхон Ғоибов идора мекард, бархӯрда, дар натиҷа ҳар ду ронанда ҳалок шудаанд.

Сокини 24-солаи ноҳияи Варзоб Нурмуҳаммад Баҳодуров рӯзи якшанбе зимни ҳаракат аз Варзоб ба Душанбе аз уҳдаи идораи автомашинаи худ – “ВАЗ-21015” набаромада, ба панҷараи бетонӣ бармехӯрад, ки дар натиҷа духтарчаи 1-солаи дар дохили автомагшина қарордошта ба ҳалокат мерасад.

Рӯзи 26 сентябр ронандаи “БМВ”, сокини ноҳияи Ҷайҳун Қурбоналӣ Каримов дар қаламрави шаҳраки Панҷи Поён Ойишамоҳ Тошеваро бо автомашина пахш мекунад, ки дар натиҷа духтарчаи ноболиғ ҳалок мешавад.

Тибқи маълуомти ВКД, давоми 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 472 ҳодисаи садамаи нақлиёт сабт шуда, бар асари онҳо 159 кас ҳалок ва 537 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...