Рӯзҳои истироҳат дар роҳҳои Тоҷикистон 5 кас ҳалок шуд, аз ҷумла 2 кӯдак

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки дар натиҷа 5 нафар ҳалок шуд. Дирӯз дар ноҳияи Данғара автомашинаи “Тойота-Кемри”-и Далер Раҳмонови 23-сола ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа мусофири он ҳалок шуд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ронанда ва боз се мусофири дигари он дар беморхона […]

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки дар натиҷа 5 нафар ҳалок шуд.

Дирӯз дар ноҳияи Данғара автомашинаи “Тойота-Кемри”-и Далер Раҳмонови 23-сола ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа мусофири он ҳалок шуд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ронанда ва боз се мусофири дигари он дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Ҳамин рӯз дар роҳи Душанбе – Кӯлоб автомашинаи “Опел Астра” таҳти идораи сокини 71-солаи пойтахт Нуралӣ Ҳикматуллоев бо дигар автмашинаи “Опел”, ки онро сокини 41-солаи Кӯлоб Шарифхон Ғоибов идора мекард, бархӯрда, дар натиҷа ҳар ду ронанда ҳалок шудаанд.

Сокини 24-солаи ноҳияи Варзоб Нурмуҳаммад Баҳодуров рӯзи якшанбе зимни ҳаракат аз Варзоб ба Душанбе аз уҳдаи идораи автомашинаи худ – “ВАЗ-21015” набаромада, ба панҷараи бетонӣ бармехӯрад, ки дар натиҷа духтарчаи 1-солаи дар дохили автомагшина қарордошта ба ҳалокат мерасад.

Рӯзи 26 сентябр ронандаи “БМВ”, сокини ноҳияи Ҷайҳун Қурбоналӣ Каримов дар қаламрави шаҳраки Панҷи Поён Ойишамоҳ Тошеваро бо автомашина пахш мекунад, ки дар натиҷа духтарчаи ноболиғ ҳалок мешавад.

Тибқи маълуомти ВКД, давоми 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 472 ҳодисаи садамаи нақлиёт сабт шуда, бар асари онҳо 159 кас ҳалок ва 537 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.