Даргузашти роҳбари диаспораи тоҷикони Нижний Новгород Мутрибшо Мирзоев

Asia-Plus

Дар шаҳри Нижнийи Новогорди Русия роҳбари диаспораи тоҷикон, раиси ташкилоти “Умед”-и ин шаҳр Мутрибшо Мирзоев дар синни 61-солагӣ аз олам даргузашт, хабар медиҳад нашрияи «Аргументы и Факты в Нижнем Новгороде».

Раиси шаҳри Нижний Новгород Юрий Шалабаев ба оила ва намояндагони диаспора изҳори тасаллият кардааст.

"Тӯли солҳои зиёд Мутрибшо Юсуфшоевич иштирокчии фаъоли ҳаёти ҷамъиятии шаҳр буд, барои таҳкими муносибатҳои байни миллатҳо корҳои зиёдеро анҷом дод", – таъкид кардааст шаҳрдори Нижний Новгород.

Мутрибшо Мирзоев 15 сентябри соли 1960 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Дар Кстовои вилояти Горкий хизмати ҳарбиро анҷом дода, сипас дар омӯзишгоҳи техникии №20-и Горкий таҳсил кардааст. Дар корхонаи авиатсионии ба номи Серго Орҷоникидзе таҷрибаи кор омӯхта, баъдан дар ин ҷо кор кардааст. Соли 1993 аз кор рафта, ба тиҷорат машғул шуд.

Роҳбари диаспораи тоҷикон дар Нижний Новгород ва узви гуруҳи корӣ оид ба муносибатҳои байнулмилалии Шӯрои байниконфессиалӣ дар назди маъмурияти шаҳрдорӣ буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...