Тоҷикистон дар шароити болоравии босуръати нархи сӯзишворӣ воридоти онро кам кард

Давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 234 млн доллар ҳудуди 389 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 воридоти сӯзишворӣ аз рӯйи вазн ба андозаи 6% коҳиш ёфта, аз рӯи арзиш – 17,8% афзудааст. Арзиши як тонна маҳсулоти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 234 млн доллар ҳудуди 389 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 воридоти сӯзишворӣ аз рӯйи вазн ба андозаи 6% коҳиш ёфта, аз рӯи арзиш – 17,8% афзудааст.

Арзиши як тонна маҳсулоти нафтии воридотӣ дар ин давра ба ҳисоби миёна аз 480 доллар дар ҳамин давраи соли гузашта то ба 602 доллар дар соли ҷорӣ боло рафтааст.

Дар зарфи 8 моҳ нархи чаканаи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар 58,9%, гази моеъ – 80%, сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 39,4 зиёд шуданд.

Дар дохили ҷумҳурӣ дар ин давра 297 тонна бензин истеҳсол шудааст, ки 50% зиёдтар нисбат ба 8 моҳи соли гузашта мебошад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти худ аз хориҷи кишвар маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ворид мекунад. Таҳвилгари асосии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Русия боқӣ монда, қисмати зиёди гази моеъ аз Қазоқистон оварда мешавад.

Болоравии арзиши сӯзишворӣ барои автомашинаҳо дар Тоҷикистон аз оғози сол ба мушоҳида расида, гароншавии босуръати он аз моҳи март шурӯъ шуд.

Таъминкунандагон афзоиши бесобиқаи арзиши маҳсулоти нафтиро ба болоравии нархи нафт ва мутаносибан болоравии нархи он дар кишварҳои содиркунанда нисбат медиҳанд медиҳанд.

Ҳамчунин ба якҷониба баста шудани сарҳад дар охири моҳи апрели соли равон аз ҷониби Қирғизистон ишора мешавад, ки аз он ҷо, ба гуфтаи таъминкунандагон, тариқи қочоқ миқдори зиёди сӯзишворӣ оварда мешуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.