Даргузашти роҳбари диаспораи тоҷикони Нижний Новгород Мутрибшо Мирзоев

Дар шаҳри Нижнийи Новогорди Русия роҳбари диаспораи тоҷикон, раиси ташкилоти “Умед”-и ин шаҳр Мутрибшо Мирзоев дар синни 61-солагӣ аз олам даргузашт, хабар медиҳад нашрияи «Аргументы и Факты в Нижнем Новгороде». Раиси шаҳри Нижний Новгород Юрий Шалабаев ба оила ва намояндагони диаспора изҳори тасаллият кардааст. "Тӯли солҳои зиёд Мутрибшо Юсуфшоевич иштирокчии фаъоли ҳаёти ҷамъиятии шаҳр буд, […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Нижнийи Новогорди Русия роҳбари диаспораи тоҷикон, раиси ташкилоти “Умед”-и ин шаҳр Мутрибшо Мирзоев дар синни 61-солагӣ аз олам даргузашт, хабар медиҳад нашрияи «Аргументы и Факты в Нижнем Новгороде».

Раиси шаҳри Нижний Новгород Юрий Шалабаев ба оила ва намояндагони диаспора изҳори тасаллият кардааст.

"Тӯли солҳои зиёд Мутрибшо Юсуфшоевич иштирокчии фаъоли ҳаёти ҷамъиятии шаҳр буд, барои таҳкими муносибатҳои байни миллатҳо корҳои зиёдеро анҷом дод", – таъкид кардааст шаҳрдори Нижний Новгород.

Мутрибшо Мирзоев 15 сентябри соли 1960 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Дар Кстовои вилояти Горкий хизмати ҳарбиро анҷом дода, сипас дар омӯзишгоҳи техникии №20-и Горкий таҳсил кардааст. Дар корхонаи авиатсионии ба номи Серго Орҷоникидзе таҷрибаи кор омӯхта, баъдан дар ин ҷо кор кардааст. Соли 1993 аз кор рафта, ба тиҷорат машғул шуд.

Роҳбари диаспораи тоҷикон дар Нижний Новгород ва узви гуруҳи корӣ оид ба муносибатҳои байнулмилалии Шӯрои байниконфессиалӣ дар назди маъмурияти шаҳрдорӣ буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.