Прокурори генералии Русия ба Тоҷикистон меояд

Прокурори генералии Русия Игор Краснов ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дар хадамоти матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар додаанд, менависад ТАСС. “Прокурори генералии Русия Игор Краснов 29 сентябр бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд ташриф оварда, бо прокурори генералии ин кишвар Неъматулло Юлдошев дидору гуфтушунид […]

Asia-Plus

Прокурори генералии Русия Игор Краснов ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дар хадамоти матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар додаанд, менависад ТАСС.

“Прокурори генералии Русия Игор Краснов 29 сентябр бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд ташриф оварда, бо прокурори генералии ин кишвар Неъматулло Юлдошев дидору гуфтушунид мекунад”, – хабар додаанд дар хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Русия.

Гуфта мешавад, 30 сентябр Игор Краснов бо даъвати ҷониби Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе раҳсипор мешавад. Дар доираи сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.