Сафир: бори нахуст дар интихоботи президентии Ӯзбекистон пеш аз муҳлат овоз додан имконпазир аст

Зимни брифинги имрӯза сафии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон бори нахуст дар таърихи кишвар дар интихоботи президентӣ, ки 24 октябр таъин шудаанд, пеш аз муҳлат овоз дода метавонанд. Ба гуфтаи вай, тибқи меъёрҳои Кодекси нави интихобот, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳақ доранд, ки иродаи худро даҳ рӯз пеш аз интихоби […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни брифинги имрӯза сафии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон бори нахуст дар таърихи кишвар дар интихоботи президентӣ, ки 24 октябр таъин шудаанд, пеш аз муҳлат овоз дода метавонанд.

Ба гуфтаи вай, тибқи меъёрҳои Кодекси нави интихобот, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳақ доранд, ки иродаи худро даҳ рӯз пеш аз интихоби сарвари давлат баён кунанд, аммо на дертар аз се рӯз пеш аз интихобот.

Сафир гуфт, барои баргузории интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ аз буҷети давлатии кишвар ҳудуди 300 млрд сӯми ӯзбекӣ ҷудо шуда, дар саросари ҷумҳурӣ 14 ҳавзаи интихоботӣ ва 10 ҳазору 800 қитъаҳои интихоботӣ таъсис ёфтаанд.

Дипломати ӯзбек ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки имрӯз дар сабти консулгарии сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 902 донишҷӯи ӯзбек ва сохтмончиён сабт шудаанд, ки дар интихобот дар қитъаи таъсисёфта назди сафорати Тошканд дар Душанбе раъй худро изҳор карда метавонанд.

“Илова бар ин, мо ҳамчунин ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Турсунзода ва Бохтар қуттиҳо барои овоздиҳӣ мефиристем”, – гуфт Шоисматов.

Ӯ таъкид дошт, ки ҷараёни интихоботи президенти Ӯзбекистонро зиёда аз 800 нозирони байнулмилалӣ аз САҲА, ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва СҲШ пайгирӣ мекунанд.

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон таҳти шиори “Ӯзбекистони нав – имконоти нав” баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.