Қарз аз музди меҳнат ба сатҳи то пандемия баргашт

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта зиёда аз 47,7 млн сомонӣ (4,2 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Нисбат ба аввали соли ҷорӣ, ки қарз аз пардохти маош дар ҷумҳурӣ ба 85 млн сомонӣ (7,5 млн доллар) мерасид, ин нишондиҳанда 44% камтар аст. Соли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта зиёда аз 47,7 млн сомонӣ (4,2 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Нисбат ба аввали соли ҷорӣ, ки қарз аз пардохти маош дар ҷумҳурӣ ба 85 млн сомонӣ (7,5 млн доллар) мерасид, ин нишондиҳанда 44% камтар аст.

Соли гузашта пас аз паҳншавии COVID-19 афзоиши қарзи корфармоҳо назди коргарони кироя аз 46,2 млн сомонӣ дар аввали соли 2020 то ба 85 млн сомонӣ дар охири сол расида буд.

Тамоили коҳиши ҳаҷми қарз аз маош аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз гардида, айни замон қариб дар сатҳи то пандемия қарор дорад.

 “Камшавии  қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат  дар  ҳамаи  намудҳои  фаъолияти  иқтисодии  бахши  воқеӣ  ба  қайд  гирифта шудааст, ба ғайр аз соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди  партовҳо ва дастрасии коркарди  дуюмдараҷа”, – зикр мекунанд дар Агентии омор.

Қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – 14,4 млн сомонӣ (30,2% аз ҳаҷми умумӣ), саноати коркард – 12,4 млн сомонӣ (26,0%) ва сохтмон – 6,8 млн сомонӣ (14,2%) ба қайд гирифта шудааст.

Дар бахши хизматрасонӣ қарз асосан аз ҳисоби камшавии он дар соҳаи санъат коҳиш ёфтааст.

Қарзи аз ҳама зиёдтар дар бахши хизматрасонӣ айни замон ба нақлиёт ва нигаҳдории бор – 7,5 млн сомонӣ (15,8% аз ҳаҷми умумӣ дар бахши хизматрасонӣ) рост меояд.

Қарздорони асосӣ

Қарзи умумӣ аз пардохти музди меҳнат дар Тоҷикистон бо дарназардошти солҳои гузашта ба ҳолати 1 июни соли равон 57 млн 713 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, хабар дод зимни нишасти матбуотии 28 июл вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода. Ӯ зикр кард, ки дар саросари кишвар корфармоён дар маҷмӯъ ба зиёда аз 14 ҳазор нафар кормандон аз пардохти музди меҳнат қарздоранд.

Ба кормандони худ 75 корхона ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ қарздоранд. “Қарздорони асосӣ аз маош корхонаҳои бузурги саноатӣ мебошанд. Барои давра ба давра бартараф намудани қарздорӣ тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд”, – иброз дошт Амонзода.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, қарздорони асосӣ аз пардохти музди меҳнат ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон”, КВД «Ширкати алюминии тоҷик”, ҶСК «Тоҷик Эйр» – 5,5 млн ва ҶСК «Сохтмони НБО Роғун” мебошанд.

Дар даҳгонаи қарздорони бузург он замон ҶСК «Азот», ҶДММ «Талко Кемикал», ҶСК «Тамохуш», ҶСК «Тоҷикнақбсоз», ҶДММ «Биносоз» ва КВД «Кони ангишти Назарайлоқ” – 573,2 ҳазор сомонӣ низ қарор доштанд.

Дар куҷо чӣ қадар маош пардохт мекунанд?

Музди  меҳнати номиналӣ ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти расмӣ, 1668 (147 доллар) ва ҳадди ақал – 400 сомонӣ (35 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Барои муқоиса, дар Қирғизистон музди меҳнати миёна ба 220 доллар, Ӯзбекистон – 230 доллар, Туркманистон – 235 доллар ва Қазоқистон – 470 доллар баробар аст.

Музди меҳнати нисбатан баланд дар Тоҷикистон ба кормандони бонкҳо ва ширкатҳои суғурта пардохт мешавад, ки маоши миёнаи онҳо 4545 сомонӣ (402 долаар)-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати нисбатан пасттарро кормандони бахши кишоварзӣ мегиранд, ки ба 597 сомонӣ (53 доллар) баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.