Fantom Foundation мегӯяд, дар бораи рақамисозии пули миллии Тоҷикистон тавофуқ ҳосил кардааст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) маълумоти расонаҳои хориҷиро вобаста ба имзои созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо платформаи байнулмилалии Fantom Foundation, ки ба корҳои асъори рақамӣ машғул аст, рад мекунад.

Дар маълумоти дар ин робита нашршудаи БМТ гуфта мешавад, бо ширкати Fantom Foundation дар мавриди Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) ягон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасонидааст ва ягон хел тасмим ҳам гирифта нашудааст.

“Маълумот оид ба ҷорӣ намудани Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) тавассути БМТ дар Тоҷикистон нодуруст буда, ба ҳақиқати воқеӣ рост намеояд”, – омадааст дар раддия.

Дар БМТ таъкид мекунанд, ки аз ин рӯ БМТ аллакай дар хусуси интишори иттилои нодуруст ба фонди Fantom Foundation мактуб ирсол намудааст.

Дар хабарҳо бо истинод ба твиттери Fantom Foundation доир ба “шарикӣ бо яке аз бонкҳои Тоҷикистон – Ориёнбонк” ҷиҳати таҳияи асъори миллии рақамии кишвар (CBDC)” маълумот дода мешавад.

Маълумоти васеъ аз твиттери Fantom Foundation хориҷ шуда, лекин дар ҷадвали замонии хабарҳо дар чунин шакл боқӣ мондааст.

Дар хабарҳо зикр мешавад, ки Fantom Foundation мутобиқи қарордод, сомонии тоҷикиро барои пардохтҳои чакана ва тиҷоратӣ рақамӣ сохтанист.

“Барои таҳия ва баргузории озмоиши шабакаҳои пардохти чакана ва тиҷоратӣ бо версияи рақамишудаи асъори Тоҷикистон, БМТ ба Orienbank ва Fantom ҳамроҳ мешавад”, – таъкид мешавад дар хабарҳо.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки пас аз рақамисозии асъори Тоҷикистон Fantom роҳандозии чунин корҳоро дар саросари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифтааст.

Fantom Foundation ICO аз худ чун “аввалин дар ҷаҳон платформа барои смарт-қарордодҳо дар заминаи DAG” мавқеъгирӣ мекунад.

Маълумоти муфассал дар бораи ин платформа дар сомонаи он қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...