“Басо эҳтиёт бошед!” Дар Суғд аҳолиро аз шамоли сахт ва борону барф ҳушдор медиҳанд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба аҳолӣ ҳушдор додааст, ки аз 1 то 4-уми октябр эҳтиёт бошанд, чун дар ин рӯзҳо эҳтимоли вазиши шамоли сахт ва бориши борону барф дар назар аст. Дар як огаҳиномаи ин Раёсат, ки дар ихтиёри “Азия-Плюс” гузошта шуд, гуфта мешавад, ки дар асоси маълумоти Оҷонсии […]

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба аҳолӣ ҳушдор додааст, ки аз 1 то 4-уми октябр эҳтиёт бошанд, чун дар ин рӯзҳо эҳтимоли вазиши шамоли сахт ва бориши борону барф дар назар аст.

Дар як огаҳиномаи ин Раёсат, ки дар ихтиёри “Азия-Плюс” гузошта шуд, гуфта мешавад, ки дар асоси маълумоти Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 1 ва 2-уми октябр эҳтимоли вазиши шамол бо суръати 15-20 м/с дар пешбинӣ шудааст.

Инчунин гуфта мешавад, ки рӯзҳои 2-3-уми октябр бо сабаби воридшавии ҳавои сард дар ҷумҳурӣ ноустуворшавии вазъи ҳаво дар назар буда, ҳарорати ҳаво то 6-9 дараҷа поён мефарояд.

Санаи 3 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд боридани борони бошиддат пешгӯӣ шуда, рӯзҳои 3-4-уми октябр шабона дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимол борон ба барф табдил ёбад.

Аз ин рӯ, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба сокинону меҳмонони вилоят эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои пешгӯишуда “басо эҳтиёткор бошанд”. Аз сафар намудан тавассути роҳҳои осебпазир, селфаро ва сангрез худдорӣ намоянд.

Аз сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ хоҳиш карда мешавад, ки муваққатан дар ин рӯзҳо аз корҳои чорводорӣ, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва сайру гашт дар кӯҳҳо худдорӣ намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.