“Дилаш якбора аз кор монд”. Фавти як зани 53-сола дар майдони пахта

Ҳалим Ҷураев, Asia-Plus

Фарроши 53 солаи мактаби Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бегоҳии 2-уми октябр ҳангоми бозгашт аз пахтачинӣ вафот кард. Мақомот гуфтанд Раҳбар Собирова аз бемории қалб вафот кард, аммо ҳамкоронаш мегӯянд, ӯ боре ҳам аз саломатияш шикоят накардааст.

Дилбар Бобоева, мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, Роҳбар ҳамроҳи гурӯҳе аз фаррошон ихтиёрӣ ба пахтачинӣ рафта буд, он рӯз ӯ ҳудуди 80 килограм пахта чидааст ва аз саломатияш шикоят надошт.

Вай афзуд, баъди марги ин фарроши мактаб "назорат дар мавриди сафарбар кардани омӯзгорон ба пахтачинӣ то ҷое ҷиддитар шудааст".

“Рафтан ба пахтачини маҷбурӣ не, бо хоҳиши худи омӯзгорон аст. Ин ҳодиса зери назари қатъии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гирифта шуд. Раис гуфтанд бубинед, агар кас каме бемадор ҳам бошад, маҷбурӣ ба пахтачинӣ наравад. Касе хоҳишманд аст, равад, дигар маҷбур накунед гуфтанд”.

Раҳбар Собирова дар мактаби рақами 27-и ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров панҷ соли охир фаррошӣ мекард. Директори мактаб Абдулаким Ахмедов гуфт, ӯ қаблан аз саломатияш шикояте надошт ва солим буд. Ба нақли директори мактаб, Собирова дар ҳамҷоягӣ бо 8 нафар омӯзгорон барои 10 рӯз ба хоҷагии ба номи "Қушшато" ба пахтачинӣ рафта буд. Ва баъди маргаш ҳамаи омӯзгоронро аз саҳро ба хона овардаанд.

“Ин кас фаррош буданд, баъди 8 рӯзи пахтачинӣ ҳангоми бозгашт аз майдони пахта дар роҳ ба бошишгоҳ дилашон якбора аз кор мемонад ва мефавтанд. Он шаб кормандони мақомот низ санҷиданд, хуллосаи тиббӣ ҳамин бемориро нишон дод. Дар марги Собирова дигар ягон сабаб вуҷуд надорад, ин ҳодисаи ногаҳонӣ аст. Аммо пештар боре ҳам шикоят аз бемории қалб надоштанд”, – гуфт директор.

То ҳол дар мавриди марги Раҳбар Собирова назари пайвандонаш дастрас нест.

Ин дар ҳолест, ки давоми як моҳи охир алакай ин дуюмин ҳодисаи фавт дар майдони ҷамъоварии пахта аст. Бегоҳии 14-уми сентябр Меҳронаи Фурӯзон як хонандаи синфи 9-и мактаби рақами 2 ноҳияи Зафаробод дар майдони пахтазор зери чархи трактор монда ҷон бохт. Пайвандони ин духтар дар ин ҳодиса соҳибони замин ва омӯзгоронро айбдор медонанд, ки маҷбуран хонандагонро ба пахтачинӣ бурдаанд. Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ҳодиса ба “Азия-Плюс” гуфт ин “Айби худаш! Дар ин ҳодиса таркиби ҷиноят нест ва барои ҳамин парвандаи ҷиноятӣ боз намешавад”. 

Аммо Гулсара Назиров, модари Меҳронаи Фурӯзон мегӯяд, барои таҳқиқи марги духтараш ба мақомоти додситонии ноҳияи Зафаробод ва вилояти Суғд муроҷиат кардааст ва талош дорад ҳодиса одилона санҷида шавад ва омилони марги духтараш ҷазо бинанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...