Тоҷикистон бо барқ ба Қирғизистон кумак мекунад

Asia-Plus

Тоҷикистон ба интиқоли барқ ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон, ки бар асари норасоии захираҳо ба камбуди шадиди барқ дучор шуд, оғоз намуд.

“Ҳозир дар Тоҷикистон неруи барқ дар ҳаҷми зарурӣ кофист, аз ин рӯ, ба мо пешниҳод карданд. Дар як шабонарӯз 1 млн кВт/соат нерӯи барқ дастрас мекунем. Нархашро намегӯям. Айни замон дар бораи тарзи пардохт гуфтушунид ҷараён дорад”, – хабар додааст рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ вазири энергетикаи Қирғизистон Досқул Бекмурзаев.

Бекмурзаев зикр кардааст, ки дар моҳи ҷорӣ интиқоли барқ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 30-50 млн кВт/соат ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи қарордодҳои қаблан ҳосилшуда Қирғизистон ҳамчунин аз Қазоқистону Ӯзбекистон ва Туркманистон низ неруи барқ дастрас намуда, барои интиқоли барқ аз Русия низ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Тибқи маълумоти расонаҳои маҳаллӣ, бар асари сатҳи хеле пасти об дар обанбори асосии Қирғизистон – Тӯхтагул, дар ҷумҳурӣ маҳдудияти шадиди истифодаи барқ амал мекунад. Ҳатто дар пойтахт чароғҳои рӯшноидиҳандаи кӯчаҳо ва қаҳвахонаву мағоза, инчунин дигар иншоот хомӯш карда шуданд.

Нисбат ба Қазоқистону Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки дар ин кишварҳо то 85%-и неруи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол мешавад, дар Тоҷикистону Қирғизистон “ҳиссаи зиёд”-и барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Иқтидори умумии таъиншудаи низоми энергетикии Тоҷикистон ҳудуди 5,8 ҳазор МВт ва истеҳсоли солонаи барқ – наздики 20 млрд кВт/соат (54 млн дар як шабонарӯз)-ро ташкил дода, зиёда аз 90%-и барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад.

Иқтидори умумии таъиншудаи низоми энергетикии Қирғизистон ҳудуди 4 ҳазор МВт ва истеҳсоли солонаи барқ – зиёда аз 15 млрд кВт/соат ро ташкил дода, наздики 85%-и барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...