Президент дар 5 соли оянда ба Муъминобод 275 млн сомонӣ маблағгузорӣ ваъда кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот ба ноҳияи Муъминобод ташриф овард.

Нахуст Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни барқарорсозии токзор дар мавзеи "Зартеппа"-и деҳоти Деҳибаланди ноҳия шинос шуд.

Майдони токзор дар мавзеи “Зартеппа зиёда аз 140 гектарро ташкил медиҳад. Дар гузашта ин мавзеъ ба хоҷагии “Мичурин” мансуб буд, ки аз ҳисоби истеҳсоли ангури хушсифат дар қаламрави кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрати зиёд дошт. Аз таъсири баъзе омилҳо майдони токзор рӯ ба нестӣ овард.

Бо соҳибистиқлол гаштани мамлакат аз ҷониби ҶДММ “Тоҷвайн” зиёда аз 50 гектар майдони токзор барқарор гардида, мутахассисон корҳои агротехникии қаторҳо, насб намудани сутунпояҳо, кашидани ноқилҳои байни қаторҳо барои бастани ниҳолҳои токи ангур ва дигар тадбирҳои вобаста ба фаровонҳосилиро анҷом додаанд.

Аснои мулоқот бо зиёда аз 40 нафар ятимону бепарасторон сарвари давлат онҳоро ба хониши хубу аъло, забономӯзӣ ва аз худ намудани донишҳои замони муосир ҳидоят намуд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муштараки шарбатбарориро дар деҳаи Шаҳринави деҳоти Деҳибаланд мавриди истифода қарор дод.

Хатти технологии корхонаи муштараки шарбатбарорӣ аз Италия дастрас гардида, маҳсулоти истеҳсолгардидаи он дорои сифати баланд ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.

Сипас сарвари давлат майдони Парчами давлатӣ ва гулгашти зебои ноҳияро ба истифода дод.

Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 45 метрро ташкил дода, аз тарафи коргарону мутахассисони ширкати “Ҳасанбегӣ” бунёд гардидааст.

Инчунин бо ҳузури сарвари давлат бинои нави Осорхонаи ноҳия мавриди истифода қарор гирифт. Осорхона бо харҷи зиёда аз 4 млн сомонӣ бунёд гардидаааст.

Пас аз ин президент 8 километр роҳи навсозишудаи ноҳияи Муъминободро ба истифода дод.

Дар мавзеъи Гулистони ноҳия Комплекси агросаноатии ҶДММ “Заркорон” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Самти асосии фаъолияти комплекси навбунёди агросаноатӣ, ки дар ҷумҳурӣ беназир аст, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, боғдорӣ, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва коркарди он мебошад. Ҳадаф аз бунёди иншооти замонавӣ – татбиқи амалии илм дар истеҳсолот буда, барои рушди соҳаҳои кишоварзию саноат боз як қадами устувори воқеӣ гузошта шуд.

Дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон инчунин роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Кӯлоб-Муъминободро ба истифода супорид. Роҳ 41 километрро дар бар мегирад, ки 35 километри он бо харҷи 195,4 миллион сомонӣ дар зарфи ду сол пурра таъмиру навсозӣ карда шуд.

Дар фарҷоми сафр Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Муъминобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом дод.

Зимни суханронӣ президент зикр кард, ки дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2016-2020 барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 33 лоиҳа ба маблағи 114 млн сомонӣ амалӣ гардида, дар  асоси Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2021-2025 табиқи 123 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 275 млн сомонӣ дар назар аст.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...