Фонди Оғохон соҳибкориро дар вилояти Хатлон дастгирӣ мекунад

Фонди Оғохон ва Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори (ММКД) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ чанде қабл дар шаҳри Бохтар маросими хатми таҳсили 144 хатмкунандаро дар маркази омӯзишии Бохтар баргузор намуданд. Ин маркази омӯзишӣ барои ҷавонон ва ҳамчунин калонсолони вилояти Хатлон курсҳои омӯзиширо дар заминаи соҳибкорӣ ва банақшагирии тиҷорат, забони англисӣ, маҳоратҳои компютерӣ ва самтҳои дигар пешниҳод мекунад. […]

Фонди Оғохон ва Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори (ММКД) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ чанде қабл дар шаҳри Бохтар маросими хатми таҳсили 144 хатмкунандаро дар маркази омӯзишии Бохтар баргузор намуданд.

Ин маркази омӯзишӣ барои ҷавонон ва ҳамчунин калонсолони вилояти Хатлон курсҳои омӯзиширо дар заминаи соҳибкорӣ ва банақшагирии тиҷорат, забони англисӣ, маҳоратҳои компютерӣ ва самтҳои дигар пешниҳод мекунад.

Диловар Бутабеков, дирекори ММКД зимни суханронии худ иброз дошт: “Мо имрӯз ду санаи муҳим -15 солагии ММКД ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон фаъол аст. Теъдоди бештари марказҳои омӯзишии ММКД дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки нишондиҳандаи ҳамкории наздик ва босамар бо ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуди зиндагии мардум аз тариқи омӯзиши касбӣ ва давомдор аст”.

Дар ин маросим муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), кормандони Фонди Оғохон ва ММКД инчунин дӯстон ва наздикони хатмкунандагон иштирок доштанд. Бо ташаббуси Фонди Оғохон ва ММКД намоиши истеҳсолкунандагон хурди вилояти Хатлон ва ташкилотҳои дигар Ташкилоти Оғохон оида ба рушд (AKDN) баргузор шуд. Барномаи фарҳангӣ низ бахше аз маросими хатми таҳсил буд.

“Фонди Оғохон аз кумак ба Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор дар заминаи тавсеа додани фаъолияти он аз ВМКБ ба вилояти Хатлон тавассути ифтитоҳи маркази омӯзишии Бохтар изҳори хушнудӣ намуда, ифтихор аз он дорад, ки дастгирии дарсҳои соҳибкории ММКД-ро аз тариқи барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон” идома хоҳад дод”, –  изҳор дошт Ҷавлон Ҳамдамов, роҳбари барномаҳои Фонди Оғохон.

“Шукуфоии Тоҷикистон” барномаи панҷсолаест (2018-2021), ки тариқи маблағгузории муштарак аз тарафи Фонди Оғохон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои тақвият  бахшидани ҳамгироии иқтисодию иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон ва ВМКБ, таҳия карда шудааст. Барномаи “Шукуфоӣ” махсусан Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) ва Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд”-ро ҷиҳати пешбурди соҳибкорӣ ва дастгирии тиҷоратҳои навтаъсис ҷалб мекунад.

Ба ин тартиб, барномаи “Шукуфоӣ” то имрӯз ба 197 донишомӯз барои дастрасӣ ба дарсҳои соҳибкорӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Хоруғ кумак кардааст, ва 137 донишомӯз нақшаҳои тиҷоратии худро бомуваффақият ҳимоя кардаанд. Ин иқдом ба роҳандозӣ шудани тиҷоратҳои нав ва тавсеа ёфтани тиҷоратҳои мавҷуд мусоидат хоҳад кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.