Нигаронии наздикони аъзои маҳкумшудаи ҲНИ аз зери хатар будани ҷони онҳо

Радиои Озодӣ

Наздикони панҷ нафар аз роҳбарони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ бо ирсоли як нома аз созмонҳои ҷаҳонӣ хостанд, то ба вазъи хешовандони онҳо дар зиндон расидагӣ шавад. Пайвандони Саидумар Ҳусайн, Маҳмадалӣ Ҳайит, Раҳматуллои Раҷаб, Зубайдуллои Розиқ ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар номаи худ навиштаанд, “ҷони онҳо дар хатар аст.” Мақомот пештар чунин хабарҳоро рад карда гуфтанд, ба ҷони роҳбарони ҳизби мамнӯъ дар зиндон чизе таҳдид намекунад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Номаи дусафҳагии наздикони зиндониён рӯзи 6-уми октябр ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, намояндагии Созмони Миллал дар Тоҷикистон ва сафоратҳои муқими Душанбе фиристода шудааст. Муаллифони нома ҳамҳуҷра кардани Муҳаммадалӣ Ҳаит бо як зиндоние, ки барои қатл адои ҷазо мекунад ва ҳамчунин ҳамла ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода изҳори нигаронӣ кардаанд.

Мақомот қаблан дар посух ба дархости Маҳмадалӣ Ҳаит гуфта буданд, “вақте одам дар зиндон афтод, ҳамроҳи одамкушу террорист ва ҷинояткорони дигар адои ҷазо мекунад ва ин хилофи қонун нест."

Дар робита ба хабари ҳамла ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода мақомот гуфта буданд, шахси ҳамлаварро ба ҳуҷраи ҷаримавӣ андохтаанд.

Наздикони панҷ роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ҳамчунин навиштаанд, “дар зиндон аз пушти Зубайдуллоҳи Розиқ ва Муҳаммадалии Файзмуҳаммад низ шахсоне назора мекунанд ва қасди зарар расонидан ба онҳоро доранд.” Мақомот қаблан чунин хабарҳоро рад кардаанд. Санҷиши ҳақиқати ин иттилоъ номумкин аст, чунки хабарнигорон ба дохили зиндонҳо ва маҳбусон дастрасӣ надоранд.

Пайвандони ин нафарон аз Салиби Сурх, Созмони Миллал ва дипломатҳои муқими Душанбе хостаанд, ки “дар зудтарин фурсат аз зиндонҳои Тоҷикистон дидор намуда, аз вазъи саломатии пайвандони мо маълумот пайдо кунанд. Шароити будубош ва таъмини онҳо бо ғизоро аз назар гузаронда, бо онҳо дар ин бора суҳбати хусусӣ анҷом диҳанд.”

Намояндагии Салиби Сурх ва Созмони миллал дар Тоҷикистон то ҳол дар ин робита вокуниш накардаанд.

Аз роҳбарони ҲНИТ ду муовини раиси ҳизби Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳайит ба ҳабси абад ва боқӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот онҳоро дар ҳамдастӣ бо Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ муттаҳам карда, ҳизбро мамнуъ ва террористӣ эълон карданд.

Вале масъулини ҲНИТ даст доштан дар ин ҳодисаро рад карда гуфтанд, “ошӯб”-и Ҳоҷӣ Ҳалим танҳо баҳонае барои манъи фаъолияти ҳизб буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...