Неруҳои муқовимати Афғонистон Тоҷикистонро ба иқдомҳои қотеъона даъват карданд

Неруҳои муқовимат дар Афғонистон омодаанд бо намояндагони ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ манъшуда дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) гуфтушунид кунанд ва бовар доранд, ки Тоҷикистон ба як фазои муносиб барои чунин муколама табдил ёфта метавонад. Чунин изҳори назар кардааст ба хабаргузории ТАСС раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, сиёсатмадор ва вакили собиқи порлумони Афғонистон Абдул Латифи Пидром, ки […]

Asia-Plus

Неруҳои муқовимат дар Афғонистон омодаанд бо намояндагони ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ манъшуда дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) гуфтушунид кунанд ва бовар доранд, ки Тоҷикистон ба як фазои муносиб барои чунин муколама табдил ёфта метавонад. Чунин изҳори назар кардааст ба хабаргузории ТАСС раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, сиёсатмадор ва вакили собиқи порлумони Афғонистон Абдул Латифи Пидром, ки аз неруҳои муқовимати Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад.

"Нерӯҳои муқовимат ҳеҷ гоҳ музокиротро бо Толибон истисно накардаанд ва дар ин росто Тоҷикистон метавонад як платформаи хубе шавад", – изҳор доштааст сиёсатмадор.

Пидром гуфтааст, неруҳои муқовимат аз Тоҷикистон дастгирии сиёсӣ, башардӯстона ва маънавиро интизоранд.

"Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи мардуми Афғонистон қарор дорад. Тоҷикистон дигар дар канор нест. Тоҷикистон бояд дар мадди аввал бошад ва ҳамчун ҳамсояи наздик қарорҳои муҳим қабул кунад. Нақши Тоҷикистон дар расидан ба сулҳу субот имконпазир аст. Агар Тоҷикистон минбаъд ташаббусро ба даст гирад, метавонад ҳатто ба пешрафтҳои аз ин назаррас даст ёбад", – иброз доштааст Пидром.

Ба гуфтаи ӯ, неруҳои муқовимат ба дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз доранд, аммо дар акси ҳол низ “даст болои даст нишастанӣ нестанд".

"Мо қарзи ватандӯстонаи худро адо карда истодаем. Дар ниҳояти кор дар мавриди муносибат бо Толибон мардуми афғон бояд як тасмиме бигиранд"”, – таъкид доштааст ӯ.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар водии шимоли вилояти Панҷшер, инчунин ноҳияҳои вилояти ҳамсояи Бағлон ҷанги партизании неруҳои муқовимат бо Толибон идома дорад.

Ба иддаои сиёсатмадор, неруҳои муқовимат водиҳои баландкӯҳ ва мавзеъҳои баландкӯҳро дар ду тарафи роҳи асосӣ тавассути дараи Панҷшер зери назорат доранд.

"Роҳи асосӣ дар дасти Толибон аст. Водиҳои кӯҳии ду тараф ва қуллаҳои ин водӣ таҳти назорати неруҳои муқовимат қарор доранд. Дар водиҳои Панҷшер, инчунин дар минтақаҳои Андароб ва Мирболати вилояти Бағлон ҷанги партизанӣ идома дорад”, – гуфтааст Пидром.

Сиёсатмадор зикр кардааст, ки дар бисёре аз музофоти Афғонистон ноҳияҳое ҳастанд, ки зери назорати Толибон қарор надоранд.

“Толибон тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат надоранд", – изҳор намудааст Пидром.

Ӯ илова кардааст, ки ҳадафҳои аслии неруҳои муқовимат мисли пешин боқӣ мемонанд, яъне “даст ёфтан ба таъсиси ҳукумати мустақили миллӣ ва дастрас барои ҳама”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.