Эътирози як устоди донишгоҳ дар Кобул: “Бекор ва гуруснаем”

Як устоди донишгоҳ дар шаҳри Кобул бо кафан дар канори хонаводааш даст ба эътироз зада, изҳор доштааст, ки бекору гуруснаанд. Муҳаммад Собир Инсондӯст ҳамроҳи хонаводааш бо сабаби бад будани вазъи иқтисодӣ ва маҳрумии занону духтарон аз кор ва таҳсил даст ба эътироз задааст. Ӯ дар мусоҳиба бо Тулӯънюз мегӯяд барои озодӣ, адолат, баробарӣ, бародарӣ, эҷоди […]

Як устоди донишгоҳ дар шаҳри Кобул бо кафан дар канори хонаводааш даст ба эътироз зада, изҳор доштааст, ки бекору гуруснаанд.

Муҳаммад Собир Инсондӯст ҳамроҳи хонаводааш бо сабаби бад будани вазъи иқтисодӣ ва маҳрумии занону духтарон аз кор ва таҳсил даст ба эътироз задааст.

Ӯ дар мусоҳиба бо Тулӯънюз мегӯяд барои озодӣ, адолат, баробарӣ, бародарӣ, эҷоди ҳаққи кор ва маҳрумияти фарзандонашон аз таҳсил омодааст аз ҷони худ бигзарад.

"Аз марги худ ба хотири озодӣ, адолат, баробарӣ, бародарӣ, эҷоди ҳаққи кор ва маҳрумияти авлодонамон аз таҳсил дареғ намекунем. Аз марги худ ҳам наметарсем", – иброз доштааст ӯ.

Сумайя духтари ин хонавода донишомӯзи синфи ҳафтум аст мегӯяд, ки монанди ҳазорон духтари дигар аз таҳсил маҳрум шудааст.

"Мо аз таҳсил маҳрум шудем ва хонумҳои зиёде, ки инҷо ҳастанд аз кор маҳрум ҳастанд ва мо аз Имороти исломӣ мехоҳем, ки ба мо ҳаққи таҳсил бидиҳад"- мегӯяд дар мусоҳиба бо Тулӯънюз.

Дар навор дида мешавад, ки ҳамроҳи ин хонавода даҳҳо зану мард ба эътироз пайвастаанд. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".