Вазири тандурустӣ Мавзунахони аз зарби корди падар захмгирифтаро аёдат кард

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шоми 5 октябр дар шаҳри Хуҷанд бо вазъи саломатии  Мавзунахони 8-сола, ки дар пайи муноқишаи оилавӣ ҷароҳат бардоштаву дар беморхона бистарӣ гардидааст, шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ. Гуфта мешавад вазир бо рафти табобати Мавзунахон шинос гардида, ҷиҳати расонидани хизматрасонии  саривақтӣ ба ӯ ба […]

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шоми 5 октябр дар шаҳри Хуҷанд бо вазъи саломатии  Мавзунахони 8-сола, ки дар пайи муноқишаи оилавӣ ҷароҳат бардоштаву дар беморхона бистарӣ гардидааст, шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ.

Гуфта мешавад вазир бо рафти табобати Мавзунахон шинос гардида, ҷиҳати расонидани хизматрасонии  саривақтӣ ба ӯ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Тавре иттилоъ  дода  шуд, айни замон вазъи саломатии Мавзунахони 8-сола  муътадил буда, он зери назорати махсуси табибон қарор дорад.

Зикр мешавад, ки Абдуллозода бо Мавзунахон сӯҳбат намуда, таъкид дошт, ки табобати ин духтар  пурра аз ҷониби  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ройгон ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки сокини шаҳри Хуҷанд Мансур Мирзоаҳмедови 39-сола шаби 1 ба 2 октябр ҳамсари 32-сола, сипас духтарони 8 ва 11-солаашро бо корд захмӣ кард.

Дар натиҷа духтари 11-солааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамсар ва духтари 8-солааш бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".