Муҳоҷирон акнун бо қарз ҳам ба ватан пул фиристода метавонанд

Муҳоҷирони корӣ метавонанд ба тариқи қарз аз Русия пул фиристанд. Ин имкониятро ба онҳо аз 11 октябр низоми хидматрасонии пардохти "Золотая Корона" фароҳам меорад. Дар ин бора Николай Смирнов, раиси Шӯрои директорони ширкат ба “Ведомости” хабар додааст. Вай изҳор доштааст, ки дар оғоз муҳоҷирон метавонанд ба миқдори аз 5 то 15 ҳазор рубл қарз гиранд. […]

Муҳоҷирони корӣ метавонанд ба тариқи қарз аз Русия пул фиристанд. Ин имкониятро ба онҳо аз 11 октябр низоми хидматрасонии пардохти "Золотая Корона" фароҳам меорад. Дар ин бора Николай Смирнов, раиси Шӯрои директорони ширкат ба “Ведомости” хабар додааст.

Вай изҳор доштааст, ки дар оғоз муҳоҷирон метавонанд ба миқдори аз 5 то 15 ҳазор рубл қарз гиранд.

"Фоизҳо дар давоми 21 рӯз ҳисоб нашуда, баъдан меъёри он 1% дар як рӯзро ташкил медиҳад. Дар марҳилаи аввал интиқол тариқи қарз дар ҳама дафтарҳои кории “Мегафон” дастрас буда, минбаъд роҳандозии чунин хидматрасонӣ дар тамоми воҳидҳои зерсохтори “Золотая корона” ба нақша гирифта шудааст. Қарзҳо аз ҷониби ширкати қарзии хурди "Страна экспресс" дода шуда, минбаъд пайвасти шарикони нав имкон дорад", – гуфтааст Смирнов.

Тавре дар ширкат зикр кардаанд, гузашта аз ин, муҳоҷирони корӣ метавонанд мустақиман дар замима барои барои интиқоли пули "Золотой Корона" қарз дастрас намоянд. Ҳамзамон, агар шумо қарзро дар муҳлати бефоиз, яъне дар давоми 21 рӯз баргардонед, аз маблағи қарзи гирифтаатон зиёд пардохт намекунед, яъне агар 5 ҳазор рубл гирифта бошед, ҳамин қадар бармегардонед. Дар сурати таъхир, барои 5 ҳазор рубли гирифта лозим меояд, ки беш аз 1,5 баробар зиёдтар – 8 ҳазору 150 рубл пардохт кунед.

Худи низом аз ҳисоби хидматрасонӣ ба мисли интиқоли муқаррарӣ, яъне комиссия (меъёри заминавӣ – 1% аз маблағи пардохт аст, аммо на бештар аз 1000 рубл, 20 доллар ё 15 евро) фоида мегирад.

Бино ба маълумоти "Коммерсант", моҳи июн низомҳои интиқоли пул ба кишварҳои ИДМ 720 млн доллар фиристодаанд, ки натиҷаи беҳтарини се сол маҳсуб меёбад.

Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки муштариёни асосии низоми интиқоли пул мебошанд, солҳои 2020-2021 коҳиш ёфта, лекин даромади онҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ин омил афзоиши ирсоли маблағро ба ватанашон таъмин кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".