Боздошти як мард дар Суғд ба гумони куштани духтараш

Кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд як марди 39-соларо ба гумони одамкушӣ боздошт намуданд. “Ӯ дар хонаи истиқоматиаш ба узвҳои бадани ҳамсараш, зани 32-сола ва фарзандони ноболиғаш, духтарони 8 ва 11-сола, ки дар ҷойгаҳи худ хоб будаанд, бо истифода аз корд якчанд маротиба ба қафаси сина ва узвҳои ҳаётан муҳимашон зарба задааст, ки дар натиҷа духтари […]

Кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд як марди 39-соларо ба гумони одамкушӣ боздошт намуданд.

“Ӯ дар хонаи истиқоматиаш ба узвҳои бадани ҳамсараш, зани 32-сола ва фарзандони ноболиғаш, духтарони 8 ва 11-сола, ки дар ҷойгаҳи худ хоб будаанд, бо истифода аз корд якчанд маротиба ба қафаси сина ва узвҳои ҳаётан муҳимашон зарба задааст, ки дар натиҷа духтари 11-солааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ҳамсар ва духтари 8-солаи ноболиғаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, сипас гумонбаршаванда бо мақсади худкушӣ бо корд ба қафаси сина ва дастонаш зарба зада, ба худаш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.

Зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Хуҷанд мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 32 ( Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".