Сабти ном барои “Green Card”-и Амрико оғоз шуд

Asia-Plus

Департаменти давлатии ИМА эълон кард, ки сабти онлайнӣ барои иштирок дар лотереяи Green Card барои соли 2023 кушода мешавад, хабар медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Сабти ном дар лотерея аз 6 октябр шурӯъ шуда то 9 ноябри давом хоҳад ёфт.

«Аз касоне, ки хоҳиши сабти ном доранд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки сабти номро то ҳафтаи охирон мавқуф нагузоранд, зеро теъдоди зиёди хоҳишмандон боиси аз кор мондани сомона шуда метавонад. Сабти баъди муҳлат, ё тавассути пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои чопӣ қабул карда намешавад», – гуфта мешавад дар эълони сафорат.

Сафорат таъкид мекунад, ки сабти номҳо ба барнома РОЙГОН буда тавассути пайванди  https://dvprogram.state.gov/ амалӣ мешавад. Ҳар як хоҳишманд метавонад мустақилона сабти ном кунад.

Департаменти давлатӣ ҳар сол барои шаҳрвандони кишварҳо, ки таърихи ками муҳоҷират ба Иёлоти Муттаҳидаро доранд, аз ҷумла Тоҷикистон, 50 000 раводиди доимии истиқомат (корти сабз)-ро ба тариқи лотерея пешниҳод мекунад. Ҳар сол тақрибан 14 миллион нафар аз тамоми ҷаҳон дар ин барнома иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...