Сабти ном барои “Green Card”-и Амрико оғоз шуд

Департаменти давлатии ИМА эълон кард, ки сабти онлайнӣ барои иштирок дар лотереяи Green Card барои соли 2023 кушода мешавад, хабар медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон. Сабти ном дар лотерея аз 6 октябр шурӯъ шуда то 9 ноябри давом хоҳад ёфт. «Аз касоне, ки хоҳиши сабти ном доранд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки сабти номро то […]

Департаменти давлатии ИМА эълон кард, ки сабти онлайнӣ барои иштирок дар лотереяи Green Card барои соли 2023 кушода мешавад, хабар медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Сабти ном дар лотерея аз 6 октябр шурӯъ шуда то 9 ноябри давом хоҳад ёфт.

«Аз касоне, ки хоҳиши сабти ном доранд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки сабти номро то ҳафтаи охирон мавқуф нагузоранд, зеро теъдоди зиёди хоҳишмандон боиси аз кор мондани сомона шуда метавонад. Сабти баъди муҳлат, ё тавассути пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои чопӣ қабул карда намешавад», – гуфта мешавад дар эълони сафорат.

Сафорат таъкид мекунад, ки сабти номҳо ба барнома РОЙГОН буда тавассути пайванди  https://dvprogram.state.gov/ амалӣ мешавад. Ҳар як хоҳишманд метавонад мустақилона сабти ном кунад.

Департаменти давлатӣ ҳар сол барои шаҳрвандони кишварҳо, ки таърихи ками муҳоҷират ба Иёлоти Муттаҳидаро доранд, аз ҷумла Тоҷикистон, 50 000 раводиди доимии истиқомат (корти сабз)-ро ба тариқи лотерея пешниҳод мекунад. Ҳар сол тақрибан 14 миллион нафар аз тамоми ҷаҳон дар ин барнома иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.