Дар Суғд 103 корхонаи саноатӣ аз кор бозмондааст

Ҳалим Ҷураев, Asia-Plus

Давоми нӯҳ моҳи соли равон аз 688 корхонаи  фаъоли саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон 103 корхона аз кор бозмондааст.

Дар ин бора ба “Азия – Плюс” аз намояндагии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ ба далели аз кор мондани ин корхонаҳо ба маблағи 63,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол нагардид.

Наргис Шамсиева, намояндаи Вазорат гуфт, бештар аз 60 корхона бар пайи кори мавсимӣ доштан ва набуди ашёи хом аз фаъолият бозмонданд.

“Боқимонда корхонаҳо бо сабаби рақобатпазир набудани маҳсулот, бинобар ивази ном ва давом доштани ҷараёни ба кор андохтани онҳо, ҷой доштани қарзҳо ва баҳсҳои амволӣ, фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома, қатъи фаъолият ва идома доштани ҷараёни барҳамхӯрӣ, надоштани ҳавза барои гирифтани ашёи хом, таъмири таҷҳизот моҳҳои январ-сентябри соли 2021 кор накардан”,- мегӯяд Наргис Шамсиева.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра 585 корхонаи саноатӣ фаълият бурда, ба маблағи 14,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 2 миллиард сомонӣ бештар буда, суръати рушд бо назардошти индекси нархҳо ба 131,1% баробар гаштааст.

Ба гуфти Наргис Шамсиева, дар баробари аз кор мондани ин қадар корхонаҳои саноатӣ давоми нӯҳ моҳ, 95 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 766 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

“Ин корхонаҳо асосан дар бахши саноати сабук, кимё, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд. Дар маҷмӯъ корхонаҳои саноатии вилояти Суғд 242 номгӯйи маҳсулот истеҳсол мекунанд”, – гуфт Шамсиева.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...