Дар Суғд 103 корхонаи саноатӣ аз кор бозмондааст

Давоми нӯҳ моҳи соли равон аз 688 корхонаи  фаъоли саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон 103 корхона аз кор бозмондааст. Дар ин бора ба “Азия – Плюс” аз намояндагии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд. Ба иттилои манбаъ ба далели аз кор мондани ин корхонаҳо ба маблағи 63,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол […]

Давоми нӯҳ моҳи соли равон аз 688 корхонаи  фаъоли саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон 103 корхона аз кор бозмондааст.

Дар ин бора ба “Азия – Плюс” аз намояндагии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ ба далели аз кор мондани ин корхонаҳо ба маблағи 63,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол нагардид.

Наргис Шамсиева, намояндаи Вазорат гуфт, бештар аз 60 корхона бар пайи кори мавсимӣ доштан ва набуди ашёи хом аз фаъолият бозмонданд.

“Боқимонда корхонаҳо бо сабаби рақобатпазир набудани маҳсулот, бинобар ивази ном ва давом доштани ҷараёни ба кор андохтани онҳо, ҷой доштани қарзҳо ва баҳсҳои амволӣ, фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома, қатъи фаъолият ва идома доштани ҷараёни барҳамхӯрӣ, надоштани ҳавза барои гирифтани ашёи хом, таъмири таҷҳизот моҳҳои январ-сентябри соли 2021 кор накардан”,- мегӯяд Наргис Шамсиева.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра 585 корхонаи саноатӣ фаълият бурда, ба маблағи 14,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 2 миллиард сомонӣ бештар буда, суръати рушд бо назардошти индекси нархҳо ба 131,1% баробар гаштааст.

Ба гуфти Наргис Шамсиева, дар баробари аз кор мондани ин қадар корхонаҳои саноатӣ давоми нӯҳ моҳ, 95 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 766 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

“Ин корхонаҳо асосан дар бахши саноати сабук, кимё, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд. Дар маҷмӯъ корхонаҳои саноатии вилояти Суғд 242 номгӯйи маҳсулот истеҳсол мекунанд”, – гуфт Шамсиева.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.