КВД “Обу корези Душанбе”: тирамоҳи имсол интиқоли об қатъ намешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маълумоти чанде пеш дар ВАО нашршуда дар бораи қатъи сартосарии оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе пеш аз мавсими зимистон асоси воқеӣ надорад, изҳор мекунанд дар КВД”Обу корези Душанбе”.

“Соли ҷорӣ бори нахуст пеш аз оғози мавсими зимистон дар пойтахт интиқоли  об сартосарӣ қатъ намегардад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КВД “Обу корези Душанбе” Зуҳро Сафарзода.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш маълумот дар бораи қатъи интиқоли обро ба “Азия-Плюс” дар шаҳрдории Душанбе тасдиқ намуданд.

Ба гуфтаи котиби матбуотии корхона, солҳои пешин пеш аз давраи зимистон дар моҳи октябр дар шабакаҳои обгузар корҳои таъмиру навсозӣ гузаронида мешуданд ва аз ин рӯ, қисми зиёди аҳолии пойтахт як шабонарӯз бе оби нӯшокӣ мемонданд.

“Соли ҷорӣ ин корҳо тобистон дар миқёси начандон бузург гузаронида шуда, чун солҳои пешин маҳаллаҳои калон бе об намонданд”, – гуфт З.Сафарзода.

Ӯ таъкид дошт, ки имрӯз маҳз бо ҳамин сабаб зарурати баргузории корҳои таъмири бузургмиқёс дар шабакаҳо аз байн рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, Сафарзода зикр кард, ки то охири сол кӯча ва хиёбонҳои ҷудогона дар робита ба баргузории корҳои таъмир дар шабакаҳои обрасон шояд як вақти муайян бе оби нӯшокӣ монанд.

“Дар бораи чунин мавридҳои қатъи интиқоли об мо тариқи ВАО ба аҳолӣ хабар хоҳем дод”, – илова намуд Сафарзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...