КВД “Обу корези Душанбе”: тирамоҳи имсол интиқоли об қатъ намешавад

Маълумоти чанде пеш дар ВАО нашршуда дар бораи қатъи сартосарии оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе пеш аз мавсими зимистон асоси воқеӣ надорад, изҳор мекунанд дар КВД”Обу корези Душанбе”. “Соли ҷорӣ бори нахуст пеш аз оғози мавсими зимистон дар пойтахт интиқоли  об сартосарӣ қатъ намегардад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КВД “Обу корези Душанбе” […]

Маълумоти чанде пеш дар ВАО нашршуда дар бораи қатъи сартосарии оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе пеш аз мавсими зимистон асоси воқеӣ надорад, изҳор мекунанд дар КВД”Обу корези Душанбе”.

“Соли ҷорӣ бори нахуст пеш аз оғози мавсими зимистон дар пойтахт интиқоли  об сартосарӣ қатъ намегардад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КВД “Обу корези Душанбе” Зуҳро Сафарзода.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш маълумот дар бораи қатъи интиқоли обро ба “Азия-Плюс” дар шаҳрдории Душанбе тасдиқ намуданд.

Ба гуфтаи котиби матбуотии корхона, солҳои пешин пеш аз давраи зимистон дар моҳи октябр дар шабакаҳои обгузар корҳои таъмиру навсозӣ гузаронида мешуданд ва аз ин рӯ, қисми зиёди аҳолии пойтахт як шабонарӯз бе оби нӯшокӣ мемонданд.

“Соли ҷорӣ ин корҳо тобистон дар миқёси начандон бузург гузаронида шуда, чун солҳои пешин маҳаллаҳои калон бе об намонданд”, – гуфт З.Сафарзода.

Ӯ таъкид дошт, ки имрӯз маҳз бо ҳамин сабаб зарурати баргузории корҳои таъмири бузургмиқёс дар шабакаҳо аз байн рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, Сафарзода зикр кард, ки то охири сол кӯча ва хиёбонҳои ҷудогона дар робита ба баргузории корҳои таъмир дар шабакаҳои обрасон шояд як вақти муайян бе оби нӯшокӣ монанд.

“Дар бораи чунин мавридҳои қатъи интиқоли об мо тариқи ВАО ба аҳолӣ хабар хоҳем дод”, – илова намуд Сафарзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.