“Вазъ хеле душвор аст”. Дар суҳбат бо Путин Ятимов дар бораи вазъи сарҳад чиҳо гуфт (ИСЛОҲШУДА)

Asia-Plus

Раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни вохӯрии онлайн бо роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар бораи вазъият дар сарҳад бо Афғонистон маълумот дод.

“Мо бояд воқеан эътироф кунем, ки вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон хеле печида аст. Пас аз Покистон Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тӯлонитар дорад – 1425 километр”, – гуфт Ятимов.

Раиси КДАМ Тоҷикистон изҳор намуд, ки “мо талошҳои зиёди афродеро эҳсос мекунем, ки мехоҳанд аз Афғонистон ба Тоҷикистон раванд”.

«Шумораи гурезаҳо аллакай аз 15 ҳазор гузашта, ҳамарӯза 500-600 нафар мехоҳанд аз сарҳад гузаранд. Тақвияти талошҳои қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, муҳимоти ҷангӣ эҳсос мешавад”, – афзуд Ятимов.

Раиси КДАМ зикр кард, ки “аз ин рӯ, Тоҷикистон воқеан бояд чунин мавқеъро ишғол кунад: 24 соат омодагӣ ва шабу рӯз кор кардан”.

https://www.youtube.com/watch?v=2PVRNuCQGf8

Ба гуфтаи ӯ, вазъияти кунунӣ дар Афғонистон натанҳо ба амнияти Тоҷикистону кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки тамоми паҳнои пасошӯравӣ, бахусус минтақаҳои мусалмонишин хатари воқеӣ дорад.

“"Бо истифода аз дини ислом ҳамчун асос, барои ноором кардани вазъ дар минтақаи мо талошҳои мушаххас эҳсос мешавад", – таъкид дошт Ятимов.

Раиси КДАМ зикр кард, ки дар вохӯрии роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти иктишофии ИДМ  ин ҷузъиёт муфассал баррасӣ шуда, тадбирҳои мушаххас ба нақша гирифта шуданд.

“Мо зикр кардем, ки ҳамкорӣ байни хадамоти махсуси Тоҷикистону Русия, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Лекин вазъи кунунӣ ҳамоҳангсозии ҳамаи неруҳо, таъмини эътимоднокии бештари ҳифзи сарҳади давлатӣ ва тақвияти кори фавриро дар тамоми самтҳо баҳри таъмини эътимоднокии ҳифзи сарҳад тақозо мекунад”, – иброз доштааст Саймумин Ятимов.

Ӯ итминон додааст, ки "дар ҳамдастӣ метавонем ҳамаи масъалаҳо рӯзмарраро ҳаллу фасл ва баъзе таҳдидҳоро бартараф кунем".

"Мо бошуурона изҳор медорем, ки худи мафҳуми терроризм байналмилалӣ буда, барои муқовимат маҳз бо ин таҳдидҳо ҳозир ба мо шароити муштараки байналмилалӣ ва муассир фароҳам овардан лозим аст", – илова намудааст раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 13 октябр дар шакли видеоконфронс бо роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мулоқот кард. Дар он директори Хадамоти иктишоф (разведка)-и хориҷии Русия Сергей Наришкин ва роҳбарони ҳайатҳо аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. То вохӯрӣ бо Путин ҷаласаи XVII Машварати роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ доир гардид.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...