Путин: “Тундравон аз Ироқу Сурия фаъолона ба Афғонистон меоянд”

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи гузашта дар як нишасти маҷозӣ бо мақомҳои баландпояи амниятии кишварҳои узви ИДМ гуфт, ки вазъият дар Афғонистон сода нест ва ҷангҷӯёне, ки аз ҷанги Ироқ ва Сурия таҷриба доранд, фаъолона вориди Афғонистон мешаванд. “Вазъият дар Афғонистон сода нест, инро шумо хуб медонед. Пас аз хуруҷи ниҳоии нерӯҳои амрикоӣ, қудрат ба […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи гузашта дар як нишасти маҷозӣ бо мақомҳои баландпояи амниятии кишварҳои узви ИДМ гуфт, ки вазъият дар Афғонистон сода нест ва ҷангҷӯёне, ки аз ҷанги Ироқ ва Сурия таҷриба доранд, фаъолона вориди Афғонистон мешаванд.

“Вазъият дар Афғонистон сода нест, инро шумо хуб медонед. Пас аз хуруҷи ниҳоии нерӯҳои амрикоӣ, қудрат ба дасти Толибон гузашт, ки қонуну қоидаҳои худро муқаррар карда истодаанд”, – хабар дода мешавад дар сомонаи kremlin.ru.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон, дар ин кишвар фаъолияти гурӯҳҳои террористии байналмилалии ДОИШ идома дошта, аз Ироқ ва Сурия ҷангҷӯёни дорои таҷрибаҳои низомӣ ба Афғонистон фаъолона ҷалб карда мешаванд.

“Аз ин рӯ, эҳтимол дорад, ки террористон талош кунанд вазъияти кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла кишварҳои ИДМ-ро то густариши мустақими худ ноором кунанд”, – изҳори назар кардааст ӯ.

Путин дар ин нишасти маҷозӣ ба мақомҳои баландпояи амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор додааст, ки ин тундравон кӯшиш доранд вазъиятро дар Афғонистон бесубот кунанд ва ҳатто мумкин аст густариши мустақими худро дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон низ озмоиш кунанд.

“Аз ин лиҳоз, муҳим аст, ки вазъро дар марзи Афғонистон пайваста зери назар гирифта, барои мубориза ба ҷангиён омода бошем ва барои ин ҳамоҳангсозии кори сохторҳои қудратӣ, дар ҳолати зарурӣ, гузаронидани амалиёти муштараки махсус, ки дар ин самт шумо таҷрибаи кори муваффақ доред, аз ҷумла дар доираи Маркази зиддитеррористии ИДМ зарур аст”.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи роҳбарони ниҳодҳои махсус ва  хадамоти иктишофии кишварҳои ИДМ ҳайатҳо аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат варзиданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.