Интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон қатъ шуд

Интиқоли неруи барқ тариқи хатҳои интиқоли барқ аз Ӯзбекистон бинобар сабаби ноқисиҳо дар қитъаи виляоти шимолии Бағлони Афғонистон қатъ шуд, иттилоъ медиҳад медиҳад Фергана бо истинод ба хабаргузории Aamaj News. Дар изҳороти корпоратсияи энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон зикр мегардад, ки ба ҳамаи минтақаҳо дар ин хат бо шумули Кобул интиқоли барқ қатъ […]

Asia-Plus

Интиқоли неруи барқ тариқи хатҳои интиқоли барқ аз Ӯзбекистон бинобар сабаби ноқисиҳо дар қитъаи виляоти шимолии Бағлони Афғонистон қатъ шуд, иттилоъ медиҳад медиҳад Фергана бо истинод ба хабаргузории Aamaj News.

Дар изҳороти корпоратсияи энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон зикр мегардад, ки ба ҳамаи минтақаҳо дар ин хат бо шумули Кобул интиқоли барқ қатъ шудааст.

Гуфта мешавад, ширкат баҳри бартараф намудани камбуду ноқисиҳо тадбирҳо андешида истодааст.

Қаблан DABS хабар дода буд, ки қарзи Афғонистон аз пардохти истифодаи барқ назди кишварҳои ҳамсоя ҳудуди 62 млн долларро ташкил медиҳад. Нимаи моҳи август ҳукуматро дар Афғонистон ҳаракати тундгарои “Толибон” ба даст гирифт.

Тибқи маълумоти шабакаи телевизиони TOLOnews, корпоратсия ба ҳамсоякишварҳои содиркунандаи барқ – Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Туркманистону Эрон мактуб фиристода, дархост намудааст, ки интиқоли барқро қтъ накунанд ва ваъда додааст, ки  қарзро пардохт мекунад. DABS инчунин ба Дафтари кории СММ ҷиҳати мусоидат ба Афғонистон бо даъвати кумак барои пардохти қарз муроҷиат карда буд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.