Расман: Дар Душанбе роҳкирои нақлиёти мусофиркаш қимат мешавад

Asia-Plus

Аз 10 ноябр раҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони шаҳри Душанбе қимат мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати шаҳри Душанбе.

Чунин қарорро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо муроҷиати Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” қабул кардааст.

Ҳамин тариқ, ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе аз 10 ноябр барои як мусофир тавассути автобусҳо 1,80 сомонӣ ба таври ғайринақдӣ (бо корт) ва 2,5 сомони бо пули нақд, троллейбусҳо 1,50 сомонӣ ба таври ғайринақдӣ (бо корт) ва 2 сомонӣ ба таври нақдӣ, микроавтобусҳо 2,50 сомонӣ ва як километр роҳ тавассути таксиҳо 3,00 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Охирон бор нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе бори охир соли 2011 бозбинӣ шуда буд. Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” сабаби қимат шудани роҳкироро ба болоравии нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ рабт медиҳад.

“Дар ин муддат болоравии арзиши нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 110%, қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибии воситаҳои нақлиёт 90-110%, қувваи барқ 300%, нархи воситаҳои нақлиёт инчунин пардохти андозу фондҳо ва маоши миёнаи амалкунандаи кормандон нисбат ба соли 2011 ба маротиб зиёд гардидааст, ки корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷотҳои худро рўйпуш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида истодааст”, – гуфта мешавад дар баёнияи муассиса.

Қайд мегардад, ки ҳарчанд корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ҷиҳати муътадил гардонидани вазъи молиявиашон мунтазам тайи солҳои охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи имкониятҳои ҷойдошта маблағгузорӣ карда мешаванд, вале басанда набуда, зарурияти тағйир додани нархномаи роҳкиро ба миён омадааст.

Алҳол ҳаққи роҳкиро дар автобусҳо барои як мусофир 1,20 сомонӣ, троллейбусҳо 1 сомонӣ, микроавтобусҳо 1,6 сомониро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...