Расман: Дар Душанбе роҳкирои нақлиёти мусофиркаш қимат мешавад

Аз 10 ноябр раҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони шаҳри Душанбе қимат мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати шаҳри Душанбе. Чунин қарорро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо муроҷиати Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” қабул кардааст. Ҳамин тариқ, ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе аз 10 ноябр барои як мусофир тавассути автобусҳо […]

Аз 10 ноябр раҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони шаҳри Душанбе қимат мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати шаҳри Душанбе.

Чунин қарорро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо муроҷиати Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” қабул кардааст.

Ҳамин тариқ, ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе аз 10 ноябр барои як мусофир тавассути автобусҳо 1,80 сомонӣ ба таври ғайринақдӣ (бо корт) ва 2,5 сомони бо пули нақд, троллейбусҳо 1,50 сомонӣ ба таври ғайринақдӣ (бо корт) ва 2 сомонӣ ба таври нақдӣ, микроавтобусҳо 2,50 сомонӣ ва як километр роҳ тавассути таксиҳо 3,00 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Охирон бор нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе бори охир соли 2011 бозбинӣ шуда буд. Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” сабаби қимат шудани роҳкироро ба болоравии нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ рабт медиҳад.

“Дар ин муддат болоравии арзиши нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 110%, қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибии воситаҳои нақлиёт 90-110%, қувваи барқ 300%, нархи воситаҳои нақлиёт инчунин пардохти андозу фондҳо ва маоши миёнаи амалкунандаи кормандон нисбат ба соли 2011 ба маротиб зиёд гардидааст, ки корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷотҳои худро рўйпуш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида истодааст”, – гуфта мешавад дар баёнияи муассиса.

Қайд мегардад, ки ҳарчанд корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ҷиҳати муътадил гардонидани вазъи молиявиашон мунтазам тайи солҳои охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи имкониятҳои ҷойдошта маблағгузорӣ карда мешаванд, вале басанда набуда, зарурияти тағйир додани нархномаи роҳкиро ба миён омадааст.

Алҳол ҳаққи роҳкиро дар автобусҳо барои як мусофир 1,20 сомонӣ, троллейбусҳо 1 сомонӣ, микроавтобусҳо 1,6 сомониро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.