Афви муҳоҷирон. Ба киҳо иҷозаи вуруд шуду киҳо бенасиб монданд?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Авф ба киҳо дахл дорад?

Дар навори видеоии шабакаи Федератсияи муҳоҷирони Русия дар “YouTube” шарҳ дода шудааст, ки қарор танҳо ба он муҳоҷироне дахл дорад, ки манъи вурудашонро ВКД содир кардааст, Авф ба касоне, ки бо қарори суд аз Русия хориҷ шудаанд, дахл надорад.

– Агар шумо бо қарори суд хориҷ шуда бошед, пас шумо бешубҳа ба ин авф дохил намешавед, – гуфтааст роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов.

Дар куҷо санҷидан мумкин аст, ки ном дар авф ҳаст ё

Ба гуфтаи роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мавриди авф қарор гирифтаанд, ҳанӯз 18 август аз пойгоҳҳои маълумот хориҷ шудаанд, аз ин рӯ, муҳоҷиронро лозим аст, ки худро дар сомонаи ВКД бисанҷанд, то ки аз иҷозаи вуруд доштанашон ба Русия огаҳӣ ёбанд.

Дар кадом ҳолат муҳоҷир ҷарима карда мешавад?

Масалан, агар шумо тибқи моддаи 12.29-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия қоидаҳои ҳаракатро ҳамчун пиёдагард вайрон карда, дар ҷойи нодуруст роҳро убур карда бошед, шуморо метавонанд ҷарима кунанд. Маблағи ҷарима 500 рубл хоҳад буд. Ва агар пиёдагард ба ҳаракати мошинҳо халал расонида бошад, пас ҷарима 1000 рубл хоҳад буд.

Ё, масалан, шумо қарор медиҳед, ки дар метро ва ё электричка савор шавед ва вақт надоштед, ки билет харед ё ин корро қасдан анҷом дода бошед, пас ҷарима дар ин ҷо 1000 рубл хоҳад буд.

Албатта, шумо барои чунин қонуншиканиҳо хориҷ карда намешавед, аммо шумо бояд дар хотир доред, ки вақте ду чунин қонуншиканиҳои маъмурӣ аз ҷониби шумо ба қайд гирифта мешавад, ин аллакай сабаби ихроҷ ва эҳтимолан манъи вуруд ба ҳадди ақал 3 сол шуда метавонад. Аз ин рӯ, пеш аз қасдан вайрон кардани қоидаҳо, дар бораи он фикр кунед, ки оё ба аз Русия хориҷ шудан арзанда аст ё не.

Дар кадом ҳолат вуруди муҳоҷир ба Русия манъ карда мешавад?

Дар мавриди мӯҳлати манъи вуруд, онҳо вобаста ба қонунвайронкунӣ фарқ мекунанд.

– 3 сол, агар мӯҳлати будубош зиёд бошад (зиёда аз 30 рӯз);

– 3 сол, агар дар давоми се сол 2 ё зиёдтар аз он ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир карда шуда бошад;

– 3 сол, агар дидаю дониста ё ба мақсади воридшавӣ ба ин кишвар дар бораи худ маълумоти бардурӯғ дода шуда бошад;

– 3 сол, агар тартиби реадмиссия дар давоми будубоши қаблӣ қатъ карда шуда бошад;

– 3 сол, агар режими 90/180 вайрон карда шавад;

– 5 сол, агар дар давоми як сол ду ё зиёда қонуншиканиҳои муҳоҷиратӣ ё вайронкунии марбут ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ содир шуда бошанд;

– 5 сол, агар мӯҳлати будубоши ғайриқонунӣ зиёд бошад (зиёда аз 180 рӯз);

– 10 сол: агар мӯҳлати будубоши ғайриқонунӣ зиёд бошад (зиёда аз 270 рӯз);

Агар шахсро дар давоми 1 сол ду маротиба (ё бештар) хориҷ карда шавад, вуруд аллакай 10 сол баста мешавад.

Аз куҷо метавон аз манъи вуруд огоҳ шуд?

Имрӯзҳо зимни хариди фурӯши билети ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон тариқи низоми онлайни ВКД Русия манъи вуруд доштан ё надоштани шаҳрвандон санҷида мешавад. Ҳар нафаре ҳам бо ворид шудан ба сомонаи ВКД ва пур кардани хонаҳои холии сервис бо маълумоти худ онро санҷида метавонад.

Агар посух манфӣ бошаду низом нишон диҳад, ки ба шумо вуруд манъ нашудааст, дар ҳамин ҳолат ҳам ин кафолати эътимоднокии маълумот буда наметавонад, зеро дар ин низом метавон танҳо дар бораи манъи вуруд аз ВКД Русия маълумот дарёфт кард.

Федератсияи муҳоҷирони Русия дар шабакаи youtube-и худ дастурамали зина ба зинаи санҷиши доштан ё надоштани манъи вурудро ба Русия нашр кардааст. Дар ин дастурамал доир ба чӣ гуна огоҳ гардидан аз доштани манъи вуруд ба Русия муфассал маълумот дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...