Гуфтушуниди ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон бо Толибон дар Тирмиз

Як ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон 16 октябр дар Тирмиз зимни гуфтушунид бо ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии муовини роҳбари ҳукумати муваққатии аз ҷониби Толибон таъсисёфтаи Афғонистон Абдул Салом Ҳанафӣ масоили таъмини амният дар марзҳоро баррасӣ карданд, хабар медиҳад ТАСС. “Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони вазорату идораҳои гуногун масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, таъмини амният дар сарҳадҳо, ҳамкорӣ дар бахши […]

Як ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон 16 октябр дар Тирмиз зимни гуфтушунид бо ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии муовини роҳбари ҳукумати муваққатии аз ҷониби Толибон таъсисёфтаи Афғонистон Абдул Салом Ҳанафӣ масоили таъмини амният дар марзҳоро баррасӣ карданд, хабар медиҳад ТАСС.

“Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони вазорату идораҳои гуногун масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, таъмини амният дар сарҳадҳо, ҳамкорӣ дар бахши энергетика, боркашонии байнулмилалӣ ва транзитро мавриди баррасӣ қарор доданд”, – зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, зимни гуфтушунид ба масоили амалисозии лоиҳаҳои зерсохторие чун сохтмони хати интиқоли барқи “Сурхон-Пули Хумрӣ” ва роҳи оҳани “Тирмиз-Мазори Шариф-Кобул-Пешовар” таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.

Ҳайати Ӯзбекистонро дар гуфтушунид вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии ин кишвар Сардор Умурзоқов роҳбарӣ кардааст.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 сентябр зимни суханронии маҷозӣ (онлайн) дар музокироти умумиии сиёсии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки Афғонистон канор гузошта нашавад.

“Тошканд мунтазам ба кишвари ҳамсоя маводи хӯрокворӣ, маҳсулоти нафтӣ ва неруи барқ интиқол медиҳад”, – гуфтааст президенти Ӯзбекистон.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.