Ба кадом иншоот дар Душанбе имсол гармӣ дода мешавад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Душанбе ба наздикӣ мавсими гармидиҳӣ оғоз мегардад. Пайвасти хонаву дигар иншоот ба гармӣ мувофиқи ҷадвал давра ба давра сурат мегирад.

Оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе ба вазъи обуҳаво вобаста аст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” хабар доданд, дар мавсими соли 2021-2022 дар пойтахти Тоҷикистон  бо гармӣ таъмин намудани 2 762 (мавсими соли гузашта – 2511 иншоот) иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки 251 иншоот зиёдтар нисбат ба мавсими соли гузашта аст.

Ин иншоот аз 2 211 манзил (соли гузашта – 2011), 64 муассисаи тиббӣ (56 – соли гузашта), 172 мактаб ва кӯдакистон (154 – соли гузашта), 316 корхонаву ташкилот (290 – соли гузашта) иборат аст.

Дар ноҳияи Сино ба 1297 иншоот (мавсими гузашта – 1030 иншоот), Шоҳмансур 512 (500), Исмоили Сомонӣ – 510 (500) ва Фирдавсӣ – 443 (242) гармӣ интиқол дода мешавад.

Дар зер инфографикаи соли гузаштаро манзуратон мегардонем. Дар он танҳо шумори иншоот нисбат ба соли гузашта зиёд шуда, нархи истифодаи гармӣ ва робита бо хадамоту корхонаи масъул бетағйир боқӣ мондааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...