Ба кадом иншоот дар Душанбе имсол гармӣ дода мешавад

Дар Душанбе ба наздикӣ мавсими гармидиҳӣ оғоз мегардад. Пайвасти хонаву дигар иншоот ба гармӣ мувофиқи ҷадвал давра ба давра сурат мегирад. Оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе ба вазъи обуҳаво вобаста аст. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” хабар доданд, дар мавсими соли 2021-2022 дар пойтахти Тоҷикистон  бо гармӣ таъмин намудани 2 762 (мавсими […]

Дар Душанбе ба наздикӣ мавсими гармидиҳӣ оғоз мегардад. Пайвасти хонаву дигар иншоот ба гармӣ мувофиқи ҷадвал давра ба давра сурат мегирад.

Оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе ба вазъи обуҳаво вобаста аст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” хабар доданд, дар мавсими соли 2021-2022 дар пойтахти Тоҷикистон  бо гармӣ таъмин намудани 2 762 (мавсими соли гузашта – 2511 иншоот) иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки 251 иншоот зиёдтар нисбат ба мавсими соли гузашта аст.

Ин иншоот аз 2 211 манзил (соли гузашта – 2011), 64 муассисаи тиббӣ (56 – соли гузашта), 172 мактаб ва кӯдакистон (154 – соли гузашта), 316 корхонаву ташкилот (290 – соли гузашта) иборат аст.

Дар ноҳияи Сино ба 1297 иншоот (мавсими гузашта – 1030 иншоот), Шоҳмансур 512 (500), Исмоили Сомонӣ – 510 (500) ва Фирдавсӣ – 443 (242) гармӣ интиқол дода мешавад.

Дар зер инфографикаи соли гузаштаро манзуратон мегардонем. Дар он танҳо шумори иншоот нисбат ба соли гузашта зиёд шуда, нархи истифодаи гармӣ ва робита бо хадамоту корхонаи масъул бетағйир боқӣ мондааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.