Home Сужаҳо Афғонистон Гуфтушуниди ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон бо Толибон дар Тирмиз

Гуфтушуниди ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон бо Толибон дар Тирмиз

0
1687
1BT9qZhZOkkEwXzhTvsPgsk1kfGZf2qe

Як ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон 16 октябр дар Тирмиз зимни гуфтушунид бо ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии муовини роҳбари ҳукумати муваққатии аз ҷониби Толибон таъсисёфтаи Афғонистон Абдул Салом Ҳанафӣ масоили таъмини амният дар марзҳоро баррасӣ карданд, хабар медиҳад ТАСС.

“Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони вазорату идораҳои гуногун масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, таъмини амният дар сарҳадҳо, ҳамкорӣ дар бахши энергетика, боркашонии байнулмилалӣ ва транзитро мавриди баррасӣ қарор доданд”, – зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, зимни гуфтушунид ба масоили амалисозии лоиҳаҳои зерсохторие чун сохтмони хати интиқоли барқи “Сурхон-Пули Хумрӣ” ва роҳи оҳани “Тирмиз-Мазори Шариф-Кобул-Пешовар” таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.

Ҳайати Ӯзбекистонро дар гуфтушунид вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии ин кишвар Сардор Умурзоқов роҳбарӣ кардааст.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 сентябр зимни суханронии маҷозӣ (онлайн) дар музокироти умумиии сиёсии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки Афғонистон канор гузошта нашавад.

“Тошканд мунтазам ба кишвари ҳамсоя маводи хӯрокворӣ, маҳсулоти нафтӣ ва неруи барқ интиқол медиҳад”, – гуфтааст президенти Ӯзбекистон.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here