Алӣ Майсам Назарӣ: “Халилзод тули се сол ҳам ба Афғонистон ва ҳам ба Амрико хиёнат кард”

Date:

Алӣ Майсам Назарӣ масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вокуниш ба истеъфои Залмай Халилзод намояндаии вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон дар Твиттераш навиштааст, ки Амрико бояд дар робита ба муомилаи пушти пардагии Халилзод бо Толибон таҳиқот анҷом бидиҳад:

“Дар мавриди муомилоти пушти пардагии Залмай Халилзод бо Толибон давлати Амрико бояд як таҳқиқи комил анҷом диҳад. Зеро Халилзод тӯли се сол ба Афғонистон ва Амрико хиёнат карда, як гурӯҳи терористиро бо гузаштҳои зиёд ва бидуни талаби чизе бар ивазаш, қонунӣ  кард”.

Дар пайванд ба истеъфои Халилзод ҳамчунин Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини амнияти миллии Афғонистон низ гуфтааст: "Саранҷом ин марди маккор аз бурдани Афғонистон ба як фоҷиаи баргаштнопазир аз саҳна ихроҷ шуд"

Бино бар эъломи вазорати умури хориҷии Амрико, Томас Уэст муовини Халилзод, ба ҷойи ӯ фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон таъин шуд.

Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико аз Залмай Халилзод изҳори ташаккур кард ва гуфт: "Ташаккур ба сафир Залмай Халилзод барои хидмати даҳсола ба Иёлоти Муттаҳида”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...