Дар Душанбе намояндагии “Бонки кишоварзии Чин” боз мешавад

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарори худ ифтитоҳи намояндагии “Бонки кишоварзии Чин”-ро дар шаҳри Душанбе маъқул донист. Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, Департаменти назорати бонкӣ вазифадор карда шудааст, ки дар Феҳристи бақайдгирии намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ дар ин бора сабти дахлдорро ворид намояд. Айни замон дар Тоҷикистон 15 бонки тиҷоратӣ фаъолият доранд, аз ҷумла […]

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарори худ ифтитоҳи намояндагии “Бонки кишоварзии Чин”-ро дар шаҳри Душанбе маъқул донист.

Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, Департаменти назорати бонкӣ вазифадор карда шудааст, ки дар Феҳристи бақайдгирии намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ дар ин бора сабти дахлдорро ворид намояд.

Айни замон дар Тоҷикистон 15 бонки тиҷоратӣ фаъолият доранд, аз ҷумла 1 бнки исломӣ, 2 бонки давлатӣ ва 2 хориҷӣ – филилаи “Тиҷоратбонк”-и Эрон ва корхонаи фаръии “Халиқ бонк”-и Қазоқистон.

Масъалаи ифтитоҳи бонки Чин дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар доираҳои гуногуни ғайрирасмӣ баррасӣ ва зарурати фаъолияти чунин муассиса ба фаъолмандии иқтисодии ширкатҳои чинӣ дар ҷумҳурӣ асоснок карда мешавад.

Ҳанӯз солҳои 2017-2018 дар бораи аз ҷониби сармоягузорони Чин харидорӣ шудани бонки он вақт мушкилдор – “Тоҷиксодиротбонк” овозаҳо ҷой доштанд. Аммо ин амал сурат нагирифта, бонки то соли 2016 низомсоз дар Тоҷикистон айни замон мавриди барҳамдиҳӣ қарор дорад.

Аз лиҳози ҳаҷми дороиҳо “Бонки кишоварзии Чин” натанҳо дар худи Чин, балки дар саросари ҷаҳон яке аз бонкҳои бузургтарин ба шумор меравад. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Пекин воқеъ аст.

Саҳҳомони бузургтарини бонк ширкати давлатии сармоягузории Huijin (40,03%) ва Вазорати молияи Чин (39,21%) мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.