Додгоҳи олии Тоҷикистон қотили Руфейдаро ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳматулло Гадоеви 30-соларо, ки дар куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола айбдор мешавад, ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» ҳимоятгари оилаи марҳум Зебо Муборова хабар дод. Ба гуфтаи адвокат, мурофиа имрӯз ба охир расид. Вай ҳамчунин афзуд, ки ин парванда «тибқи қонун баррасӣ шуд ва ягон қонуншиканӣ сабт нашудааст». Ба […]

Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳматулло Гадоеви 30-соларо, ки дар куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола айбдор мешавад, ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» ҳимоятгари оилаи марҳум Зебо Муборова хабар дод.

Ба гуфтаи адвокат, мурофиа имрӯз ба охир расид. Вай ҳамчунин афзуд, ки ин парванда «тибқи қонун баррасӣ шуд ва ягон қонуншиканӣ сабт нашудааст».

Ба гуфтаи номбурда, суд бо моддаи 138 (таҷовус ба номус) қисми 3 ҷазо ба муҳлати 25 сол ва бо моддаи 104 (куштор) ҷазои якумра таъин намуда, дар умум нисбати номбурда ҷазои ниҳоӣ  як умр маҳрум кардан аз озодӣ  бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш махсус татбиқ гардид.  

Бояд гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ 12 октябр, се моҳ пас аз куштори пурсарусадои Руфейда оғоз ёфт. Ин мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки Руфейда рӯзи 4-уми июли соли равон аз хона ба ҳоҷатхона (дар кӯча воқеъ аст) баромада бедарак шуд. Як рӯз пас ҷасади Руфейдаро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо карданд. Кормандони шуъбаи дуюми раёсати кофтукови ҷиноятиии ВКД Тоҷикистон, субҳи 6 июл бо гумони қатли ин ноболиғ, Раҳматулло Гадоеви 30-соларо боздошт кардаанд, ки дар ҳамсоягӣ ба сар мебарад.

Саида Иноятова, аммаи Руфейда ки бархе ҷузъиёти ҳодисаро расонаӣ карда буд, навишт: “Падари дугонаи Руфейда бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора-пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида-алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд”.

Ҳамзамон рӯзи 14 июл дар гузориши телевизионии "Ахбори ВКД" (Ахбори ВКД) Гадоев муфассал нишон дод, ки чӣ тавр ин ҷиноятро содир кардааст

Сипас ӯ иқрор кард, ки дар ҳолати мастӣ аз набудани аъзои дигари оила истифода бурда, духтарро таҷовуз карда, сипас ӯро куштааст ва ҷасади буридашударо ба ҳоҷатхона андохтааст.

Қазияи куштор ва пора кардани ҷасади Руфейда яке аз пурсарусадотарин ҳаводиси чанд моҳи охир аст. Баъд аз воқеа намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб карданд, ки ин қазия мунсифона баррасӣ шавад.  Раиси палатаи болоии парлумон, Рустами Эмомалӣ ба муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ вокуниш карда, гуфт, қазия таҳти назорати қатъиаш қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.