Сомон Маҳмадбеков дар Гран-прии Париж рейтинги худро боло бурд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Паҳлавони маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Paris Grand Slam 2021 ҷои панҷумро сазовор шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқа 16-17 октябр бо иштироки 281 варзишгар (164 мард, 117 зан) аз 45 давлати дунё доир гардида, Тоҷикистонро дар он як варзишгар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг намояндагӣ кард.

“Ӯ дар се давр бар варзишгарони Муғулистон (Уранбайар Одгерел), Испания (Ҷорҷе Гарсиа), Озарбойҷон (Ҳидоят Ҳайдаров) дастболо шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Сомон дар нимфинал аз Тео Рикюини фаронсавӣ, ки медали нуқра ба даст овард ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз Александру Раисуи руминиягӣ мағлуб гардида, ҷои панҷумро сазовор шуд. Дар вазни -73кг медали тилло насиби Кеншӣ Ҳарада (Ҷопон), медали дигари биринҷӣ насиби Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) гашт”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд: ҷои аввал – 5 ҳазор евро, ҷои дуюм – 3 ҳазор евро ва ҷои сеюм – 1 ҳазору 500 евро.

Ёдрас мешавад, ки Сомон Маҳмадбеков – иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз мусобиқаҳои Гранд Слам як медал дорад. Ӯ соли 2019 дар Гранд Слами Осака (Ҷопон) медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Бо вуҷуди ба сафи ҷоизадорони ин мусобиқа шомил нагардидани Сомон Маҳмадбеков, ӯ тавонист, ки дар радабандии байнулмилалии ҷудокорон 232 имтиёз ба даст орад. То оғози мусобиқаи мазкур Сомон Маҳмадбеков бо 2 657 имтиёз дар зинаи 15-ум қарор дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...