Сомон Маҳмадбеков дар Гран-прии Париж рейтинги худро боло бурд

Паҳлавони маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Paris Grand Slam 2021 ҷои панҷумро сазовор шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқа 16-17 октябр бо иштироки 281 варзишгар (164 мард, 117 зан) аз 45 давлати дунё доир гардида, Тоҷикистонро дар он як варзишгар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг […]

Паҳлавони маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Paris Grand Slam 2021 ҷои панҷумро сазовор шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқа 16-17 октябр бо иштироки 281 варзишгар (164 мард, 117 зан) аз 45 давлати дунё доир гардида, Тоҷикистонро дар он як варзишгар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг намояндагӣ кард.

“Ӯ дар се давр бар варзишгарони Муғулистон (Уранбайар Одгерел), Испания (Ҷорҷе Гарсиа), Озарбойҷон (Ҳидоят Ҳайдаров) дастболо шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Сомон дар нимфинал аз Тео Рикюини фаронсавӣ, ки медали нуқра ба даст овард ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз Александру Раисуи руминиягӣ мағлуб гардида, ҷои панҷумро сазовор шуд. Дар вазни -73кг медали тилло насиби Кеншӣ Ҳарада (Ҷопон), медали дигари биринҷӣ насиби Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) гашт”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд: ҷои аввал – 5 ҳазор евро, ҷои дуюм – 3 ҳазор евро ва ҷои сеюм – 1 ҳазору 500 евро.

Ёдрас мешавад, ки Сомон Маҳмадбеков – иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз мусобиқаҳои Гранд Слам як медал дорад. Ӯ соли 2019 дар Гранд Слами Осака (Ҷопон) медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Бо вуҷуди ба сафи ҷоизадорони ин мусобиқа шомил нагардидани Сомон Маҳмадбеков, ӯ тавонист, ки дар радабандии байнулмилалии ҷудокорон 232 имтиёз ба даст орад. То оғози мусобиқаи мазкур Сомон Маҳмадбеков бо 2 657 имтиёз дар зинаи 15-ум қарор дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.